Фаронса аввалин маротиба қаҳрамони мусобиқаи баскетболи Аврупо шуд
Тими мунтахаби Фаронса қаҳрамони мусобиқаи мардонаи Аврупо оид ба баскетбол шуд. Дар ин бора торнамои расмии мусобиқа хабар медиҳад.
Дар қисмати финалӣ, ки имрӯз 23-юми сентябр баргузор шуд, фаронсавиҳо тими яккачини Литваро бо ҳисоби 80:66 (19:22, 31:12, 18:16, 12:16) мағлуб карда, нахустин маротиба дар таърих унвони қаҳрамониро дарёфт карданд. Аз ин пеш онҳо ду маротиба мақоми дуюм ва панҷ маротиба ҷои сеюмро соҳиб шуда буданд.
Барои нишони биринҷии мусобиқот мунтахаби Испания ва Хорватия қувва озмуданд. Испания рақибашро бо ҳисоби 92:66 шикаст дод.
Мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо оид ба баскетбол-2013 рӯзи чоруми сентябр дар Словения оғоз шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |