Ҷавобгарии волидони Муҳайё барои худкушии духтари 15-сола

Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, парвандаи худкушии як духтари навҷавонро, ки моҳи феврали соли ҷорӣ иттифоқ уфтода буд, ба поён расонда ва волидонашро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Баҳрулло Саидов, сардори шӯъбаи кор бо ноболиғони Идораи пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки рӯзи 23-юми сентябр дар ҳамоише бахшида ба ҷалби духтарон ба мактаб суҳбат мекард, гуфт, Муҳайё Ашӯроваи 15-сола дар пайи монеагузории модараш даст ба худкушӣ задааст. Ӯ гуфт, модари Муҳайё, ки тоҷири бозори “Корвон” аст, духтари худро аз мактаб рафтан боздоштааст ва духтар ба ин тоқат накардаву худро овехтааст.
“Муҳайё Ашӯрова ҳамроҳи волидонаш дар кӯчаи Борбад зиндагӣ мекард. Вай рӯзи 21-уми феврал худро бо рӯймол буғӣ карда куштааст. Ҳоло волидонаш хеле пушаймонанд. Аммо кори дигаре аз дасташон намеояд. Онҳо дигар наметавонанд духтари худро баргардонанд”,-гуфт оқои Саидов.
Вай илова кард, “дар умум, дар соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 10 ноболиғ аз таҳсил дур мондаанд. Ду нафари онҳоро волидонашон нагузоштаанд, ки ба мактаб бираванд. Барои риоя накардани қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” бошад, нисбат ба 265 волидайн парвандаи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки ба қавли Солеҳа Холова, ҳуқуқшиноси Маркази “Боварӣ ба фардо”-и Кумитаи занон, пештар аксари духтарон дар деҳоти дурдаст аз таҳсил дар канор мемонданд, ҳоло ин “беморӣ” ба шаҳрҳои марказӣ ҳам “сироят” кардааст. “Бештари волидайн кӯшиш мекунанд, ки духтарашон илми диниро аз худ кунад, аммо барои аз худ кардани илмҳои дунявӣ иҷозат намедиҳанд. Нисбат ба солҳои пешин маҳдуд будани дастрасии духтарон ба мактаб кам шудааст, аммо бояд кӯшиш кунем, ки инро пура решакан намоем”,-афзуд ҳуқуқшинос.
Дар масъалаи парвандаи маъмурӣ алайҳи волидоне, ки монеи таҳсили духтарон дар мактаб мешаванд, ин ҳуқуқдон гуфт, “намунаи ибрат барои дигар волидайн хоҳад буд”.
Ба қавли мақомот, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназия бо 44 ҳазору 596 хонандагон фаъолият доштааст, ки аз онҳо 24 ҳазору 879 нафар писару 19 ҳазору 717 нафарашон духтар будаанд. Баҳрулло Саидов, сардори шӯъбаи кор бо ноболиғони Идораи пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт, мегӯяд, дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар ин ноҳия 68 ҷинояти ноболиғон сабт шудааст. “Аз ин ҷиноятҳо 55 ҳолат дуздӣ буда, боқимонда ҳолати расонидани зарари миёна ба саломатӣ ва ғоратгарӣ мебошад”,-гуфт ӯ.[size]
Дар акс: Баҳрулло Саидов, сардори шӯъбаи кор бо ноболиғони Идораи пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |