Боз як номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Арабистони Саудӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд -- подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нома фиристода, ӯро ба Иди миллияшон табрик гуфтааст.
Дар ин номаи оқои Раҳмон гуфта шудааст, ки “Аълоҳазрат, Ходими ҳарамайни шарифайн. Мояи сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии иди миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатию саломатӣ, комёбӣ ва ба мардуми ба мо бародари Арабистони Саудӣ рушду пешрафти бардавом орзу намоям.”
Дар идома аз нақши пешвоёнаи Шоҳи Саудӣ “дар эҷоди муколамаи мутамиддини созанда ва ҳамкории самарабахш байни давлатҳо ва миллатҳо” низ тавсиф шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ гуфтааст, “мо ба дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба байни кишварҳоямон, ки дар маърази таваҷҷуҳи Шумо қарор доранд, бо назари нек менигарем.”
“Мутмаинем, ки ин равобити умедбахш манфиатҳо ва ормонҳои муштараки моро баҳри рифоҳу шукуфоии бештар таҷассум менамоянд”,-таъкид шудааст дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон чанд ҳафта қабл аз сафари зоирини тоҷик ба зиёрати Хонаи Худо низ бо ирсоли як номаи расмӣ аз Шоҳи Арабистонӣ Саудӣ хоста буд, теъдоди квотаро барои ҳоҷиёни тоҷик афзоиш диҳад. Аммо Шоҳи Арабистонӣ Саудӣ ба номаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид посухи манфӣ дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |