(ВИДЕО) Ҷоизаи раисиҷумҳури Исроил ба хонаводаи Алоевҳо

Хонаводаи Алоевҳо, аз овозхонони маъруфи яҳудитабор, ки то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон меистанд, мегӯянд, ки баъд аз муҳоҷират ба Исроил дар соли 1991 вазъи оилавиашон беҳтар шудааст.
Тавре торнамои Маркази мусиқии ҷаҳонӣ менависад, хонаводаи Ало Алоев дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Исроил кӯчида, миёни мардуми Ховари Миёна низ маъруфият пайдо кардаанд. Ба навиштаи ин торнамо, ансамбли хонаводагии Алоевҳо дар баробари созҳои анъанавӣ имрӯз аз асбобҳои электронӣ низ кор мебаранд ва дар осорашон таъсири мусиқии тоҷик низ баръало намоён аст.
Сви Алоев, набераи Ало Алоев нақл мекунад, ансамбли хонаводагияшон сафарҳои зиёди хориҷӣ дошта, ахиран аз дасти раисиҷумҳури Исроил барои саҳм дар рушди фарҳанги маҳаллӣ ҷоиза гирифтааст. Набераи Ало Алоев мегӯяд, бисёре аз суруду оҳангҳои классикиро бо усули нав менавозанд ва аз ин ҳисоб мухлисони зиёди синни аз 20 то 35-соларо пайдо намудаанд.
Ало Алоев поягузори ин ансамбл давоми даҳсолаҳо дар Душанбе операи халқиро иҷро мекардааст ва ба гуфтаи наберагонаш айни ҳол узви асосии ансамбл буда, бисёри масъалаҳоро ҳал мекунад ва дар баробари ин ба навовариҳое, ки наберагонаш пешниҳод мекунанд, гӯш медиҳад.Ҳунарнамоиҳои хонаводаи Аллаевҳо
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |