Як гурӯҳ хонандагони мо аз шаҳри Свердловски Русия нома навиштаву хостаанд, Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон барои овоздиҳии онҳо шароит фароҳам биёварад. Агар Шумо ҳам ҳарфе барои гуфтан доред, лутфан ба мо фиристед: ozodagonweb@gmail.com
“Аз кормандони сомона хоҳиш менамоям, ин номаро нашр намуда, ҳамзамон ба Кумитаи марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) расонед.
Мо як гуруҳ муҳоҷирони вилояти Свердловски Русия ба манзуратон мерасонем, ки дар ин вилоят шумораи муҳоҷирони тоҷик хеле зиёд аст ва аз ин лиҳоз, он як участкаи интихоботие, ки дар шаҳри Екатеринбург пешбинӣ шудааст, барои овоздиҳии муҳоҷирон кифоя намекунад.
Зеро на ҳама муҳоҷирон дар ин шаҳр мебошанд ё ин ки на ҳамаи онҳо имконияти ба онҷо рафтанро доранд. Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш мекунам, барои интихобкунандагон, бахусус муҳоҷирон тамоми шароити овоздиҳиро муҳайё кунед, то ҳамагон тавонанд овози худро барои ояндаи миллати худ бидиҳанд.
Агар пешниҳоди мо қабул нест ё имкон надорад, пас, иҷоза диҳед, мо шахсони бовариноки худро, ки дар ватани азизамон зиндагӣ доранд ва шароити хубтарро барои овоздиҳӣ доро мебошанд, ҳамчун шахси боваринокамон ба ҷои мо овоз диханд. Ё ин ки бо ҳамкории Маркази интихоботии Русия дар ҳама шаҳрҳое, ки шумораи тоҷикон аз 500 нафар боло аст, участкаи интихоботӣ кушода, барои иштироки ҳамаи онҳо дар интихоботи президентӣ шароити мусоид фароҳам созед.
Барои мисол дар маҳаллаи Таватуй, ноҳияи Невянски Русия, зиёда аз 200 муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад, дар худи Невянск тахминан 7000 муҳоҷири тоҷик аст. Мо ҳама имконияти ба шаҳри Екатеринбург рафтанро надорем. Зеро агар як рӯз дар ҷои кор ҳузур надошта бошем, аз маош ё ҷои кор маҳрум мешавем.
Як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик аз Свердловск”