Пулисзанҳои тоҷик дучархасавориро омӯхтанд
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-09/1379912555_puliszonhoi-tochik-002.jpg)
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар доираи барномаи мусоидат ба саҳми баштари занон дар кори пулис барои нахустин гуруҳи пулисзанҳои роҳбон курсҳои омӯзиширо гузарондааст.
Тавре аз сафорати ИМА дар Душанбе ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, “омӯзиш дар шаҳри Хуҷанд, аз 12 то 20-уми сентябр давом карда, ҳадафи он такмил додани ихтиссоси занон-кормандони милитсия дар пешгирии зӯроварӣ дар хонавода, худкушӣ байни занон, пешгирии ҷиноят байни ҷавонон ва ноболиғон, усулҳои рондани дучархаҳои махсуси пулис, таҳлили рафтор, малакаи кор бо қурбониёни махсуси ҷиноят ва хариду фурӯши одамон иборат мебошад.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде қабл Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар мулоқот бо як ҳайати сафорати Амрико дар Душанбе тадбиқи лоиҳаи “Пурзӯр намудани нақши пулисзанҳоро дар Тоҷикистон”-ро баррасӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки талош мекунад, ҳар чӣ бештар ба кор дар мақомоти пулис занҳоро ҷалб кунад. Рамазон Раҳимов гуфт, тавассути ҷалби занҳо ба вазифаҳои масъулиятнок саҳмашонро дар фаъолияти пулис бештар менамояд.
Тибқи иттилои вазир айни ҳол 11 дарсади ҳайати кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва 87 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда қарор доранд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимов таъкид намудааст, ки айни ҳол 9 нафар зан дар ВКД рутбаи полковникӣ ва 71 нафарашон подполковникиро доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |