"Роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон бузургтарин тарҳи минтақа хоҳад буд"
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон корҳои омодагӣ ба оид ба тавҷеҳи фаннӣ-иқтисоди (ТФИ)-и қисмати афғонистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро ба анҷом расондааст.
Масофаи ин қисмати роҳ 355 километрро ташкил дода, интизор меравад ояндаи наздик барои гузарондани ТФИ тендер эълон шавад. Омодагӣ ба сохтмони ин қисмати роҳи оҳан шояд аз 8 то 12 моҳро дар бар бигирад, навиштааст хабаргузории “Trend”.
Бино ба арзёбиҳо ҳаҷми корҳо тақрибан 350 миллион доллар хоҳад буд. Ин маболиғро қарор аст Бонки рушди Осиё пардохт кунад. Намояндаҳои ин ниҳоди молиявӣ гуфтаанд, дар сурати зарурӣ маблағи иловагӣ ихтисос медиҳанд.
"Роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, ки сохтмонаш ояндаи наздик шуруъ мешавад, яке аз бузургтарин тарҳҳои минтақа хоҳад буд", -гуфтааст Аҳмадшоҳ Ваҳид, муовини вазири корҳои ҷамъиятии Афғонистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |