Боз 4 раҳбари шаҳру ноҳия ба варақаи номзади ИНИТ муҳр гузоштааст

Раҳбарони 13 шаҳру ноҳияи кишвар ба варақаи ташаббускорони ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова муҳр ва имзо гузоштаанд.
Аз дафтари матбуотии Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба “Озодагон” гуфтанд, ки “то ин лаҳза роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе, Ҳисор, Данғара, Ғончӣ, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа ба варақаҳо мӯҳр зада ва ҷамъоварии имзо шурӯъ гардидааст”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова аз монеагузориҳо нигаронӣ карда, ҳушдор дод, дар сурати идомаи он раҳбарони бархе аз шаҳру навоҳии кишварро ба додгоҳ мекашад. Ба қавли масъулони ин ситод, бархе аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бо ҳар баҳона аз гузоштани муҳру имзо худдорӣ мекунанд.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ, дар рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд. Ба ҷонибдорӣ аз номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон бояд 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |