Бахшҳо
21 сен 2013 12:32Тоҷикистон / Сиёсат

Раддияи ҲНИТ ба "қаҳрамон"-и "Пойбанди нафрат"-и ТВТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як изҳорот узви ин ҳизб будани Сомон Муҳаббатов, “қаҳрамон”-и филми “Пойбанди нафрат”-ро рад кард.

“Пойбанди нафрат”, филми вижаи Шабакаи телевизиони аввали Тоҷикистон мебошад, ки аз куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатов, сокини Тоҷикобод, ки гӯиё узви ҲНИТ ҳаст, ҳикоят мекунад.

Қосимҷон Асадов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод, билети ҳизбии Муҳаббатовро сохта хонда, сухан ва амалҳои дар ин филм овардаи ӯро дурӯғ ва кори масъулони амният медонад.

Ӯ мегӯяд, “вақте началник (сардор)-и милиса гуфт, ки ин кортро аз марказатон гирифтааст, ман гуфтам, маркази ҲНИТ одами инҷоро бе тавсияи ман қабул намекунад ва ӯ аз мо нест. Ӯ корти ҳизбӣ надорад. Ман муассиси ҳизб дар ин минтақа ҳастам ва мегӯям, ки ӯ узви ҳизби мо нест. Ягон авлодаш ҳам тарафдори ҳизб нестанд. Ӯ дар қисми ҷавонон ҳам кор намекард. Ман ҳамчун муассис аз аввал муовини ҳизб будам ва баъд раиси бахши ҳизб шудам. Ман мегӯям, ки чунин узв надорам, ин ҳама дурӯғ аст.”

Маврид ба зикр аст, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пайроҳаи нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад.

Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад. Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд.
Мӯҳр
Умар
Дуруги навбатии ШАБАКАИ АВВАЛ,

Дангара
Сабр кунед.ин Шабакаи якум филме намоиш медиха ки оби Норака нахзатио хурдан... бебарки аз хамин хисобай

Изатуллох
Ман як шахрванди оддии ин кишвар чунин гуфтаниам ки ин шахси чиноят кор ба хизби исломи хеч рабте надорад чунин намоиш додани у дар ТВТ характери сиёси дорад зеро аз рузи нахзат тасмим гирифт ки дар интихоботи презденти иштиро мекунад тухмату дасисахо алайхи ин хизбро хукумати кунуни огоз кард якеро ба сахнаи тилевезион баровард токи бигуяд маро мачбуран аъзо карданд дигар бо номи мулло баромад карда гуфт, ки барои хизби исломи даркор нест ва дигараш бошад гуф калимаи исломро аз хиб берун кунед ки ин сабаби бадном кардани ислом гардидааст а дигар -дигархо.Агар касе зараи инсофу дарки сиёси дорад у худ хакикатро баён мекунад. Дигар чизе мехохам бигуям ин аст ки сомонаи озодагон чандин бор мешавад ки назари маро дар сомонаатон намепартоед ё ки шумо хам тарафдори нохакии ин хукматдоронед ё метарсед ки ба шумо зарар мерасад номи сомонаатон озодагон аст бигзор марду харчи мехоханд бигуянд

Мушохида
Ман мушохида кардам, ки Мухабатов матнро аз варак мехонд ва хамчунин симои вай дар хар як навор иваз мешуд. Малум буд, ки ин наворрро чанд руз пайи хам сабт кардаанд ва баъд аз он филм сохтаанд. Чунки симои у дар як баени фикр чанд бор иваз мешуд ва малум буд ки он кадрхо бурида ва чамовари шудаанд. Бадан водор кардани марде ки мегуяд уро тачовуз кардаанд, нафратовар аст. У ин суханхоро аз руи варак мехонд ва хеч эхсос намешуд, ки рост бошанд.

Лаънати аллох бод бар дуруггуйон ва тухматгарон аз аллох тарсед холиям вакт доред аз кори занонаатон дасткашен вагарна ба газаби аллох мемонен баъд пушаймони суд надорат

Факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин хамон факултаи Шаркшиносии сиёсии номдори мо мебошад. Ин факулта дар саргахи бедории миллати точик карор дошт. Сад хайф, ки холо исломгаро шудааст.

Сафар
Зани як хел тухматчиша овбара! Наход ба хамин хад паст фаромадан ин намояндахои ХУКУМАТ!!! Эй мардак шаведу мардак барин мубориза бурданро омузеде!!!

ТОЧИК
АХА ХА ХА БОЗ ХНИТ ГУНАХГОР

Намедонам, кай пайдо шудааст, вале русҳо як матали машҳур доранд: "ДЛЯ ДОСТИЖЕНИЯ ЦЕЛИ - ВСЕ СРЕДСТВА ХОРОШИ" , яъне ки, барои расидан ба мақсад (мақсади шум, албата), ҳамаи воситаҳо хубанд. Ба шарҳи он матал ниёзе нест. Марди оқил мефаҳмад, ки паси он матал чиҳо нуҳуфтаанд. angry

Остон
Эй нахзатихо шуморо чи бало шудааст, ки ин кадар одамкушу таачовузгархову чинояткоронро пуштибони мекунед. Шумо солхои 92 Точикистонро ба "курбонгохи бегунохон" табдил дода будед, ки инро хамаро мардум медонанд. Чаро ошкоро мехохед осоишатгиро махв кунед. Э ба Худо гузарондед, кати хаму хизбтон. То ба кай Исломро доми тазвир мекунед? Бас кунед. Аз Худо тарсед.

тч
Тв ро модару хохарои хамаи мо тамошо мекнан. дигар пастзани наефтен. Кофир кори шуморо карда наметона. Як барномаи мекнен. ки худатона худотарс мегирен. Ислома танхо дар дуне кофир. еврей паст мезана. Ай тани шмо ба ин баргоматон ма изо кашидм....

Хандаи кас меояд аз ин ҳама матлабҳои сохтаи созандаҳо. Афсус тарбияте нест, ки ба беҳбуди оварда расонадамон. Халқ хун мегиряд, боз чи лозим ин ҳама сохтакориҳо. Мардум дар нуги сузан аст, боз чи даркор ин ҳама дасисаҳо. Оқибаташ ба хайр бошад. Тарсам аз он, ки мардуми гумроҳ зуд ба боварӣ печаспанд.

Тоҷик
Ин наворро надидам, аммо аз коментҳо ҳис мешавад, ки "нафрат" на аз ҷинояти кардаи ин қаҳрамон, балки "нафрат" аз ҲНИТ аст. Ба ин ҷиноят ҷомаи сиёсӣ пӯшонидан ба чӣ хотир аст?! Агарбарои паст задани ҲНИТ бошад шак дар будани ҷиноят аст ва агар ҷиноят ҷой дошта бошад, дар ин арафаи интихобот, маънои онро дорад, ки ҳукуматдоронро на ҷиноят балки ҲНИТ ба ташвиш овардааст.

islom,
Занон хазор маротиб аз хукуматихо болоанд занхоро паст назан бародар Ислом

Ана барои хамин дуругхои хукумат мо оилави ба нахзатихо яъне ба Бобокалонова овоз медихем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)