Олим Бобоев бе алтернатива номзад ба мақоми президентӣ шуд

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), дар Анҷумани ҳизбаш, ки 20-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, бидуни алтернатива номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд. Аз 123 вакиле, ки дар ин анҷуман ҳузур доштанд, ҳамагӣ аз Олим Бобоев пуштибонӣ карда ва ӯро номзади арзанда донистанд.
Масъулони Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар Анҷумани рӯзи 20-уми сентябр инчунин барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуданд. Рустам Назаров, муовини раиси ҲИИТ, гуфт, барномаи онҳо барои беҳбудии ҳаёти сокинон ва иқтисоди кишвар нигаронда шуда, аз барномаҳои аҳзоби дигар, аз ҷумла Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ беҳтар аст.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005, як сол қабл аз интихоботи президентии соли 2006, таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир 19 ҳазор узв дорад, ки 20 фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медодаанд. Олим Бобоев, ки аз замони таъсиси ин ҳизб раҳбарияшро бар дӯш дорад, ба ин тартиб бори дувум вориди корзори интихоботи президентӣ мешавад. Вай соли 2006 низ дар интихоботи президентӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Талбаков, Амир Қароқулов ва Абдуҳалим Ғаффоров барои курсии президентӣ рақобат карда, аммо дасти холӣ берун омада буд.
Олим Бобоев дар гузашта вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |