Боздошти гуруҳи духтарони ноболиғ бо иттиҳоми дуздӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳ духтарони ноболиғ хабар медиҳад, ки дар дуздии 130 ҳазор рубл муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ ба мақомоти пулиси шаҳри Хуҷанд, Исмоилова Моҳтоба Машрабҷоновна соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, муроҷиат намуда, арз доштааст, ки рӯзи 12-уми сентябр шахсони номаълум бо тариқи интихоби калид, пинҳонӣ, вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 130000 рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба дуздии мазкур ноболиғон-- Хоҷамбердиева Маҳинахон Абдунабиевна соли таваллудаш 1998, Хоҷамбердиева Умеда Абдунабиевна соли таваллудаш 2001 ва Алимбоева Нозанин Наимҷоновна соли таваллудаш 2000, хонандагони мактаби миёна, истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуданд.
Мақомоти пулиси Хуҷанд мегӯяд, аз дастгиршудагон далели шайъӣ гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |