Надя Ҳардмен, вакили бритониёӣ, аз ҳаққи Зайд Саидов дифоъ хоҳад кард

Дар сурати иҷозаи Додгоҳи олӣ, Надя Ҳардмен (Nadia Hardman) -- вакили дифоъ аз Анҷумани адвокатҳои байналмилалии Лондон аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав” дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба ин мазмун рӯзи 20-уми сентябр ба Додгоҳи олӣ ариза фиристодаанд. “Ҳоло додрас дархости моро қабул карда, аммо ҷавоб надодааст. Рӯзи душанбе мушаххас хоҳад шуд, ки оё Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ин дархости пайвандон ва вакилони мудофеи Зайд Саидов ҷавоби рад медиҳад, ё мусбат”,-афзуд Қудратов.
Ба иттилои номбурда, вакили мудофеъ аз Ассосиатсияи адвокатҳои байналмилалии Лондон, Надя Ҳардмен, бо Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дошта, аз рафти қазияи Зайд Саидов огоҳии комил доштааст. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар баробари ин дархости пайвандони Зайд Саидов имрӯз дар мурофиаи додгоҳӣ соҳибкори қазоқ - Сериқбол Окушев мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Қудратов гуфт, ҳангоми посух ба пурсишҳои вакилони мудофеъ ва додрасу додситони парванда, Сериқбол Окушев бори дигар таъйид кардааст, ки барои коркарди маодин дар кони Ҷоре ба Зайд Саидов ба маблағи 1,5 миллион доллар “пора” додааст. Аммо ба гуфтаи Қудратов, нафари зерҳимояаш воқеият доштани ин ҳолатро рад кардааст. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта буд. Додраси парванда гуфтааст, барраси парвандаи Саидовро рӯзи дуашнбеи 23-уми сентябр идома хоҳанд дод.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов тамоми онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |