Улуғбек Қодиров, як ӯзбаки 21-соларо дар ИМА бо иттиҳоми ғариқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, маводи мунфаҷира ва таҳдиди чандбораи куштани президент Борак Обама муҷрим шинохтанд.
Ба иттилои сомонаи «Al.com» Қодиров рӯзи 13 июл баъди харидории силоҳ дар шаҳри Алабама боздошт шудааст. Қабл аз ин чандин маротиба ӯ мавриди бозпурсии кормандони вазорати адлия қарор гирифта буд. Қодиров ба кормандони адлия гуфтааст, омодааст, ки ҳатто бар ивази ҷони худ Барак Обамаро ба қатл расонад. Замони дастгир шуданаш аз вай як норинҷаки дастӣ ва аслиҳаи оташфишон мусодира кардаанд.
Тибқи иттилои расида Улуғбек Қодиров ҷиддӣ пойбанди оинҳои мусалмонӣ буда, ҷонибдории худро аз экстремистҳои исломӣ изҳор доштааст. Гуфта мешавад, ки ӯ ба сомонаҳои ҷонибдорони ҷиҳод ворид мешудааст. Дар сурати исбот шудани гуноҳи Қодиров дар робита ба таҳдиди куштани Обама ӯро то 20 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст. Барои нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа бошад, эҳтимоли пушти панҷара нишастанаш то 10 сол мавҷуд мебошад. Ба иттилои хабаргузории «Agence France-Presse» Улуғбек Қодиров моҳи июни соли 2009 аз тариқи раводиди донишҷӯӣ ба Амрико сафар карда, аз моҳи апрели соли 2010 дар қаламрави ИМА ғайриқонунӣ ба сар мебарад, зеро визаи ӯро бо иллати ба ягон муассисаи таълимӣ дохил нашуданаш бекор кардаанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр