Шикояти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз болои додгоҳ ба додгоҳ

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси тоҷик, аз болои қарори додгоҳи Хуҷанд ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми июли соли ҷорӣ даъвои Тӯраҷонзода алайҳи се уламои Суғд ва хабарнигори шабакаи давлатии “ТВ Суғд”-ро рад карда буд.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, мегӯяд, шиокяти кассатсионии нафари таҳти ҳимояташ рӯзи 19-уми сентябр ба додгоҳ ирсол шудааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиносои тоҷик, як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара, Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ва Тоҳир Искандарзода - хабарнигори шабакаи давлатии “ТВ Суғд” ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо моҳи феврал дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.
Аммо Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо радди ин даъво гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |