Қадами дигар дар роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон

Корҳои омодагӣ барои таҳияи асоснокии техникӣ-иқтисодии қисмати афғонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ба поён расидаанд ва дар назар аст, ки ояндаи наздик музояда барои гузарондани асоснокии лоиҳа эълон шавад.
Дар ин бора ба хабаргузориҳо Аҳмадшоҳ Воҳид, ноиби вазири корҳои ҷамъиятии Афғонистон хабар дода, таъкид намудааст, ки ин роҳ аз ҷумла лоиҳаҳои бузургтарини минтақа хоҳад буд.
Аҳмадшоҳи Воҳид афзудааст, ки қисмати афғонистонии ин роҳ 355 километрро ташкил дода, арзиши пешакии он 350 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад: “Маблағгузории қисмати афғонистонии роҳро Бонки исломии рушд ба уҳда гирифтааст.”
Маросими ифтитоҳи расмии сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон 5-уми июни соли равон бо ҳузури раҳбарони ин се кишвар, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Лабиоби Туркманистон баргузор гардид.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |