Бонк ба тоҷике, ки зуд-зуд ба наздиконаш пул ирсол кардааст, мукофот дод
СКБ-бонки Русия барои Азамҷон Азимов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба наздиконаш ба Ватан тариқи ин бонк зуд-зуд маблағ роҳӣ мекардааст, мукофот додааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СКБ бонк, Азамҷон Азимов аз шаҳри Екатеринбург тариқи низоми интиқоли пулии «beGOm» ба суроғаи наздикону хешовандонаш дар Тоҷикистон аз ҳама бештар маблағ роҳӣ кардааст ва ғайриинтизор дар маъракаи махсуси “СКБ-бонк”, зери унвони “Наздиконатро хабар гир” ғолиб омадааст.
Мудирияти бонк эълон кардааст, ин шаҳрванди тоҷик бо чиптаи ҳавопаймо ба Тоҷикистон ва бозгашт ба Русия дар дилхоҳ вақти интихобкардааш сарафроз хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |