Эрон: Майли сохти силоҳи ҳастаиро надорем
Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон мегӯяд, кишвараш ҳаргиз майл барои сохти силоҳи ҳастаӣ надорад.
Рӯҳонӣ, ки рӯзи 18-уми сентябр дар як суҳбати ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии НБС-и Амрико ҳарф мезад, бори дигар таъкид дошта, ки Эрон қасди сохти силоҳи атомиро надорад ва ҳеч гоҳ ҳам чунин роҳеро дунбол нахоҳад кард.
Ба гузориши ин шабакаи амрикоӣ, раисиҷумҳури Эрон изҳор намудааст, ӯ барои тавофуқ бо Ғарб дар мавриди барномаи ҳастай, ихтиёри комил дорад.
Ин суҳбати ихтисосии шабакаи НБС-и Амрико бо Ҳасан Руҳонӣ, ки қарор буд, субҳи имрӯз 20-уми сентябр пахш шавад, нахустин мусоҳибаи раисиҷумҳури нави Эрон бо як шабакаи амрикоӣ маҳсуб меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |