Сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ бо корд собиқ ҳамсари худро захмӣ кардааст.
Тибқи иттилои вазорати корҳои дохила, Назир Қулиеви 36-сола пас аз истеъмоли машрубот ба хонаи зани пешинааш баргашта бо ӯ муноқиша мекунад. Зимнан, Қулиев аз ҷанҷоли оилавӣ ба муноқиша бархоста, бо корди хоҷагӣ ду маротиба ба шиками Назира Қулиева зарба мезанад. Ҷабрдида аз захми корд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, алъон ба касалхона мунтақил шудааст. Назир Қулиев бошад, аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт гардида, тафтишоти қазияи ӯ идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр