Нортон, муштзане, ки Муҳаммад Алиро шикаст дода буд, даргузашт
Кен Нортон, қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба муштзанӣ, ки соли 1973 Муҳаммад Алиро дар ринг мағлуб кард, дар сини 70 даргузашт.
Бино ба иттилои расида, Нортон, ки солҳои ахир аз маризии саратон ранҷ мекашид, дар наздикии Лас-Вегас, штати Невадаи Амрико ҷон додааст.
Дар наврасӣ Нортон ба футболи амрикоӣ, бейсбол ва варзиши сабук шуғл доштааст, аммо ҳангоми хидмат дар артиш ба бокси ҳаваскорӣ машғул шуда, соли 1967 ба қатори муштзанҳои ҳирфаӣ мепайвандад.
Нахустин рақобати Нортон бо Алӣ 31-уми марти соли 1973 сурат гирифт. Ин ринг 12 раунд идома карда, доварон Нортонро пирӯз донистанд. Баъдан, Нортон ду маротибаи дигар бо Муҳаммад Алӣ вориди рақобат шуд: солҳои 1973 ва 1976. Дар ҳар дуи ин рақобатҳо Алӣ пирӯз гардид.
Нортон ҳамчунин бо ситораҳои дигари бокс, назири Ҷорҷ Форман ва Ларри Холмс ҳам ба ринг баромадааст. Соли 1977 ӯ Ҷимми Янгаро мағлуб сохта, унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи версияи WBC (Шӯрои ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб шуд.
Нортон 50 маротиба ба ринг баромада, дар 42-тои он дастболо гардида ва дар ҳафти дигар шикаст хӯрдааст. Ӯ соли 1981 аз бокс рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |