Бахшҳо
19 сен 2013 14:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

23 соли зиндон барои “Кузя”, дӯстписари собиқи Фарзонаи Хуршед

Додгоҳи олии Тоҷикистон Фаррух Рӯзиев, мулаққаб ба “Кузя”-ро, ки дар гузашта дӯстписари собиқи Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик, муаррифӣ мешуд, барои 23 сол равонаи зиндон кардааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ гуфт, мурофиаи Фаррух Рӯзиев 16-уми июли соли ҷорӣ шурӯъ гардида, то оғози моҳи сентябр идома ёфтааст. Ба қавли манбаъ, раҳбарии парвандаро додрас Аҳтам Акрамов бар ӯҳда дошта, Фаррух Рӯзиев ба куштор, авбошӣ ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ айбдор шудааст.

Фаррух Рӯзиев тобистони соли гузашта ба гумони қатли як сокини шаҳри Душанбе мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта, аз сӯи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт гардид. Вай ҳамагӣ соли 2011 бар асоси Қонуни афв аз зиндон берун омада буд.

Фаррух Рӯзиев, мулаққаб ба “Кузя”, дар соли 2009 бо иттиҳоми қаллобӣ ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон гардида буд. Фарзонаи Хуршед, ки номзади ӯ муаррифӣ мегардид, ҳамон сол талош кард, то ӯро аз мурофиаи додгоҳӣ гурезонад, ки дар натиҷа ҳарду боздошт ва худи Фарзона низ барои бештар аз ду сол зиндонӣ шуд.
Мӯҳр
Фирдавс
Парво дорад, баъд аз интихобот бар асоси авф аз зиндон рахо меебад.

ЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭ Одамои беакл инро барои ба эътидол овардани вазъи махбасхои дорои низоми махсус равона мекунанд. Яъне одами худи вор закон ва дед дар махбас.

ай пушти хаминанд одам дар турма страдат кадестай и бояд зиндони шава ва фахма ки озоди чи аст ва кадри одами чи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)