Аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки тайи шаш моҳи соли равон унвонии Қоҳир Расулзода тариқи пуштаи электронӣ 37 номаи шаҳрвандон ворид гардидааст.
Бино ба қавли манбаъ сокинон асосан дар мактубҳои хеш аз масоили камбуди манзили зист ва вазъи моддиву маишӣ, ҳамчунин дигар проблемаҳои мавҷуда ва фаъолияти баъзе масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ шикоят намудаанд. Гуфта мешавад, шурӯъ аз замони роҳандозии нишонии интернетии райиси вилоят аз ҷониби шаҳрвандон ҳудуди 374 номаи электронӣ ирсол шудааст. То имрӯз дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ аксари ин муроҷиатҳо мавриди баррасӣ ва чораҷӯии шӯъбаву идораҳои дахлдори вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қарор гирифтаанд.
Баробари номаҳои шикоятӣ аз сӯи шаҳрвандон 16 адад сипоснома низ бо нишонии info@sugd.tj расидааст, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр