Парвандаи ҷиноӣ алайҳи пулисе, ки ғайриқонунӣ муҳоҷиронро кор мефармуд
Дар яке аз навоҳии Русия алайҳи як корманди пулис барои сӯистифода аз мансаб ва ғайриқонунӣ кор фармудани муҳоҷирон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Предгорнӣ, ин корманди пулис муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт намуда, дар таъмиру бозсозии биноҳои раёсат аз неруи кории онҳо истифода мекардааст.
Ахиран се шаҳрванди Узбакистон барои нақзи қавонини будубош дар қаламрави Русия аз сӯи кормандони пулис боздошт шуда, ба боздоштгоҳои муваққатии Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Предгорнӣ интиқол меёбанд. Кормандони пулис ғайриқонунӣ ба муҳоҷирони узбак дастур додаанд, то бинои раёсатро таъмир кунанд.
Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Предгорнӣ мегӯяд, ҳоло парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |