Зоиров баъд аз зодрӯзи президент Анҷуман доир мекунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо пахши изҳороте гуфтааст, Анҷумани пешазинтихоботии ин ҳизб рӯзи шашуми октябр баргузор хоҳад шуд. Дар ҳоле ки қарор буд, Анҷумани ҲСДТ рӯзи 21-уми сентябр доир ва шеваи иштироки ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷуимҳури Тоҷикистон дақиқ бишавад.
Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар изҳороти рӯзи 19-уми сентябри худ ҳамчунин аз сару садо ва баҳсҳои зиёд атрофи номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин изҳорот
аз фаъолони ҷомеа дархост шудааст, то аз пешниҳоди номзади ягонаи ИНИТ - Ойниҳол Бобоназарова ба курсии президентӣ пуштибонӣ намоянд.
Сотсиал-демократҳои Тоҷикистон дар баробари ин, аз тарафдорон, аъзо ва ҳаводорони ҳизбашон даъват ба амал овардаанд, то барои таблиғи номзадии Ойниҳол Бобоназарова фаъол гардида, ҳамкориро дар ситоди интихоботии ин номзад шуруъ намоянд.
Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бояд масъалаи пешниҳоди номзади худро дар анҷуманҳояшон аз 17-уми сентябр то 7-уми октябр муайян кунанд. Интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон 6-уми ноябр, дар Рӯзи Қонунии асосии кишвар, ба нақша гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |