Туркманистон ба фазо моҳвора мефиристад
Туркманистон то охири соли ҷорӣ соҳиби нахустин моҳвораи миллии худ “Türkmen Älem” мешавад.
Як мақоми баландпояи Оҷонси давлатии ҳаво ва фазои Туркманистон гуфтааст, Ашқбод бо ширкати фаронсавии “Thales Lnya Space” ва ширкати моҳворасози “SpaceX” тавофуқномаеро ба имзо расонида, то охи соли ҷорӣ моҳвораи миллии ин кишвар ба осмон фиристода мешавад.
Мақомоти туркман мегӯянд, ҳадаф аз сохти моҳвораи миллӣ ин рушди шабакаҳои телевизионӣ, дастрасии осон ба интернет, рушди фаъолият ва таҳқиқоти илмӣ-фазоӣ ва таҳқиқот барои иктишофи майдони карбогидратҳо мебошад.
Тарҳи моҳвораи “Türkmen Älem” дар намоишгоҳи байналмилалии мухобирот ва иртибототи Туркманистон “Туркмантел-2013” ба намоиш гузошта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |