Эҳтимоли “танбеҳ”-и дастаи “Равшан” аз сӯи ФФТ
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мегӯяд, сармураббии тими “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии ҷавобии даври 1\4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 бо дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дастури баргузории мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистонро риоя накардааст ва эҳтимол ба ин даста бохти техникӣ дода шавад. Дидори ҷавобии 1\4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни ин ду даста 18-уми сентябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор ва бо пирӯзии “Равшан” (2:1) ба охир расида буд.
Пас аз анҷоми ин бозӣ раҳбарияти бошгоҳи “Парвоз” ба ФФТ эътирози расмӣ навиштаанд. “Бино ба қавли сармураббии “Парвоз” Алиёр Ашӯрмамадов, дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи “Равшан” Саидхони Амрохонро легионер Гершон Акуффо иваз кард, ки ин мухолифи Дастури мусобиқот мебошад”,-навишта шудааст дар торнамои расмии ФФТ.
Ёдовар мешавем, ахиран Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Дастури мусобиқоти қаҳрамонӣ ва Ҷоми Тоҷикистон тағйиру иловаҳо дароварда буд. Дар ҳуҷҷат омадааст, "аз нимаи дувуми мавсим ҳар як бошгоҳ вазифадор аст, ки дар ҳайати ибтидоии даста дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонӣ дар лигаҳои олӣ ва якум,Ҷоми Тоҷикистон як бозигари то 19-сола (соли таваллудаш на аз 1994 боло)-ро дохил намояд. Ҳамчунин ин бозигарро дар ҷараёни бозӣ танҳо бозигари синну соли 19-сола иваз карда метавонад. Дар мавриди вайрон кардани ин қоида ба бошгоҳ бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, аризаи шикоятии “Парвоз” дар ҷаласаи наздиктарини Кумитаи назорату ахлоқи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд. Агар ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бохти техники дода шавад, пас дастаи “Парвоз” бо ҳисоби 4:2 ғолиб дониста шуда дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи “Истиқлол”, ки рақиби пурқуввати дастаи “Равшан” аст рақобат хоҳад кард.
Ин итифоқ дар ҳоле рух дода, ки чанде қабл Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан” пас аз пирӯзии дастааш дар доираи бозиҳои Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гуфта буд, ки “мо тасмим гирифтаем ва дар назди даста мақсад гузоштаем, ки имсол унвони қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст оварда ва ҳам соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2013 мешавем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |