Сӯҳбати рӯбарӯи раиси “Душанбеводоканал” бо сокинони пойтахт
Файзуллохон Исупов, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар пайи зиёд шудани шикояти муштариёнаш тасмим гирифтааст, бо онҳо вохӯриеро анҷом диҳад.
Ӯ гуфтааст, омода мебошад, ҳамаи шикояту дархостҳои сокинони пойтахтро аз ин ниҳод дар суҳбати рӯбарӯ шунида, ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунад.
Ин тасмими Исупов дар пайи як баҳс дар мавриди мушкилоти обии сокинони шаҳри Душанбе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гирифта шудааст. Бархе аз корбарони ин шабака аз директори Корхонаи “Обу корези Душанбе” талаб намуда буданд, ки барои ҳалли ин мушкилот як мулоқотеро бо онҳо анҷом диҳад.
Ба гуфтаи Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири нашрияи “Вечерний Душанбе”, вохурӣ бо директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” рӯзи 21-уми сентябр соати 15:00 дар худи бинои ин ниҳод баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, иштирок дар ин вохӯрӣ озод буда, инчунин рӯзноманигорон низ даъват карда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |