Бахшҳо

Бозор Собир гуфтааст, то охири ноябр бо касе “гап намезанад”

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки пас аз 19 соли ғурбат ба Ватан бозгашта ва дар остонаи ҷашни Истиқлол ордени “Ситораи президент” гирифт, эълон карда, ки то анҷоми моҳи ноябри соли ҷорӣ бо хабарнигорон суҳбат намекунад.

Дар ин бора ба “Озодагон” Низом Қосим, яке аз дӯстони наздики Бозор Собир хабар дод ва гуфт, дар ин муддат шоири тоҷик ба эҷоди ашъори тозаву табобат машғул мешавад. “Устод гуфтанд, ки то моҳи ноябр бояд табобат гиранд ва китоби навашонро ба анҷом расонанд. Ба наздикӣ аз телевизионҳои давлатӣ низ хоҳиши суҳбат кардан бо Устодро доштанд, вале ба онҳо низ иҷозаи суҳбат карданро надод”,-афзуд Низом Қосим.

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки тақрибан 16 соли охир дар Амрико зистааст, 27-уми майи соли ҷорӣ барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадуми асри гузашта дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.

Бозгашти ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ ва баҳсҳо дар мавриди маҳдуд кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Вале худи ӯ гуфт, бозгашташ ба интихобот ҳеч рабте надорад ва танҳо даъвати раисиҷумҳурро барои бозгашт пазируфтаасту тамом.

Ба ҳар ҳол, баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Бозор Собир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, раисиҷумҳур шахсан ӯро ба ҳузур пазируфт ва суҳбате анҷом дод. Дар пайи ин дидор, мақомоти Душанбе барои Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе як манзил ҳадя карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам, ки тӯли тақрибан бист сол аз овардани номи Бозор Собир худдорӣ мекарданд, якбора ба таблиғ ва намоиши ӯву таронаҳояш пардохтанд. Ахиран дар хиёбонҳои Душанбе низ шиорҳое бо истифода аз шеъри “Забони модарӣ”-и Бозор Собир ва номи ӯ пайдо шудааст.
Мӯҳр
рахматии Лоик зинда мешуд дар руйи ту барин шоир туф мекард.

д
У танхо бо ЧО сухбат мекунад. Майда чайда его не интересует. Хона гирифт, орден гирифт, акнун як мошинча хам мегирад.

Дахони Бозор дигар ба у тааллук надорад. Кайки хукумат фармон дод хамон вакт у гап мезанад. Текстро пешаки оварда медихандаш.БУБЛИК,

Хоркаш
Дарвокеъ Бозор суботу ороми ва осудагиро "заслужыть" кард. Аммо аз мухри хомуши бар лаб заданаш хангома насозед, зеро уро аз хурди медонам, ки дар ин фикри ачиб банд буд: "Оё булбул дар кафаси тиллои хушбахт буда метавонад?"

Maddoh
Маълум аст, ки мавқеъ ва ирода надори, фурсат мепоӣ, кӣ пируз мешавад ва ҳамонро мадҳу ситоиш мекунӣ. Агар мӯҳтарама Ойниҳол Бобоназарова аксари овозҳоро ба даст оварда Президент шаванд, аввалин шуда дар васфи ин бонуи ҷасур мадҳия месароӣ, ягон шаку тардид нест.

Шоир
Алакай маълум аст,ки Бозор Собир обрую эътиборашро дар байни ардум аз даст дода аст.

Шоирон мурданду ту шоир шуди.Аз кадом г.ру л...т пайдо шуди!

Насим
Бо он харшапкаи Ленин ба рут шаппоти бояд зад!

Шоир,
чура ман хам коменти худатро навиштани будам лекин илова мекунам дар шеърхову достонхояш номи кахрамонро холи мемонад баъди ноябр кахрамонро менависад номашро еее бозоралиеее

Барои ман чор шоир Қаноат, Бозор, Лоиқ ва Гулрухсор азиз буданд, вале аз ҳама азизтар Бозор Собир буд.
Ин се на худро фурӯхтанд ва на атое аз дасти Раҳмон гирифтанд. Лоиқ дар қабристон хомӯш аст, Қаноат дар зиндагӣ хомӯш аст ва Гулрухсор дар матбуоти давлатӣ хомӯш аст.
Мегӯянд, ки Ғазнавӣ дар замоне зиста буд, ки Фирдавсӣ мэҷод мекард.
Аммо дар бораи Бозор чунин гуфтан хатост. Имрӯз лагоми ӯ дар дасти шогирдакаш, ки на шоири шоир шуду на сиёсатмадори сиёсатмадор.
Акнун мегӯянд, ки Бозор дар аҳди Раҳмон зиста буд, ки аз дасти ӯ калиди хонаро гирифтааст.
Ин шогирдак, ки дар гумонаш ба Бозор некӣ кард, дар амал обрӯи ӯро резонид, зеро бо хона додан обрӯ намеафзояд.
Бовар накунед, ҳама шарҳҳое, ки аз мо пештар навиштаанд, як бор мутолиа кунед. Ақаллан як нафар ҳам дар бораи Бозор Собир ҳарфи мусбат нагуфта.

Биеед рафикон хурмати калонсолонро аз хотир набаророем. Синну соли Бозор Собир хам то ба чое расидааст. Худо ба хар як инсон чи кадар умр мебахшад хеч кас намедонад, аз ин хотир бимонед ки хамин мусайфед бокимондаи хаеташро дар ватанаш бо нафаси озод паси сар кунад, охир наход вай ба хамин чиз сазовор набошад. Ин чо сиесатро як тараф гузошта хизматхояшро хамчун шоир ба хотир овардан лозим аст !

daler
IQA VOHIMAI NOMUSH KARDAND IN INTELLEGENTSIA HOZIR YAK OHI DAHON NAMEKASHAND...ZIODI ZIOD BODHAD SHOIRI DARBORIST, NA BESH AZ IN.

Мухтарам
Гандумнамои чавфуруш,
Рав захри котиле бинуш.
Бекадр гашти хамчу муш.
Бозори Собир, хеши Буш!

Бозор бозорак шyди. Ҳайфи он ақле ки Хyдо бароятон тақдим кардаст. Хайр аз имтиҳони Хyдованди мегузашти соҳиби хона ва моли дyнё ҳам мешyди вале афсyс бахотир 2 ҳиҷра иззатy обрyро фyрyхти.

Дар зиндаги монанди Бозор шоир намеояд дигар,
Бингар ба руйи кори у лоик намеояд дигар.... Шоири тасвиргаро, борикбин ва нозукадо, ки тавонистааст бо сехри килки худ хастиву зебопарастии точиконаро новобаста ба махрумиятхо ва нодорихояш ба чахониён муаррифи намояд. Лоик хам шоири хуб буд, аммо бетарафиро дар сарнавишти миллат ихтиёр кард. Шояд ин корро ба фикри пойдор мондани номаш карда бошад. Локин, бузургон ба корхои фавкуллода даст мезанад, агар хамасронаш онхоро напазиранд, ояндагон ба кадрашон хоханд расид.
Ман дукмаи садоям дар пушти ин дари танг, Харчанд мефишоранд, он кадр мезанам занг...

[left][/left]Rustam,
Rustam,
daler,
Мухтарам,
Мухтарам,
Мухтарам,
Мухтарам,
Мухтарам,
Мухтарам,
Мухтарам,

Устод, Бозор Собир шеъре дошт:

Дар маркази шахр хайкали сомони
сар то сари шахр хайкалои сомони
мамлакати мо ба асри дах бигзаштай
хар зардаку сурхак амири сомони
Валле, афсус ки ин шоири вокеъии миллат боз бо хамон зардаку сурхак пайваст шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)