“Равшан” дар нимфинал бо “Истиқлол” рӯбарӯ мешавад
Рӯзи 18-уми сентябр бозиҳои ҷавобии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба поён расид. Акнун чор дастаи Лигаи олӣ (“Регар-ТадАЗ” -- “Энергетик” ва “Равшан” – “Истиқлол”) дар нимфинал миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Дастаи “Регар-ТадАЗ” рӯзи чоршанбе дар бозии ҷавобии 1/4-ниҳоӣ “Энергетик”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба нимфинал баромад. Нимаи аввали дидор мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Голҳоро Сафаралӣ Каримов, бозигари “Регар-ТадАЗ”, дар дақиқаи 18-ум ва Алия Силла, легионери ганагии “Энергетик” дар дақиқаи 23-юм заданд. Голи ҳалкунандаи бозиро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд. Дар бозии аввал дастаи “Регар-ТадАз” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони дуд дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Фирӯз Бобиев, бозигари дастаи “Парвоз” дар дақиқаи 39-уми дидор ҳисобро кушод. Ду голи соҳибони майдонро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 47-ум ва Чарлз Тико, легионери африқоии “Равшан”, дар дақиқаи 58-ум ба ҳадаф расонданд. Бозии аввал низ бо ҳамин ҳисоб ба нафъи “Равшан” анҷом ёфта буд.
Тими “Истиқлол” дастаи “Истаравшан”-и Истаравшанро дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар дақиқаи 12-ум бози капитани дастаи “Истаравшан” Илҳом Баротов тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид намуда ҳисобро кушод. Голи якуми ғолибонро капитани даста-Дилшод Восиев дар дақиқаи 48-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Голи ҳалкунандаро бошад, Роберт Жилин, легионери русиягии “Истаравшан”, дар дақиқаи 75-ум ба дарвозаи дастаи худ ворид кард. Дар бозии аввал низ дастаи “Истиқлол” бо ҳамин ҳисоб пирӯз шуда буд.
Бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 рӯзи 27-уми сентябр миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” - “Вахш” ва “Равшан” - “Истиқлол” баргузор мегардад. Бозиҳои ҷавобии нимфинал бошад 1-уми октябр барпо хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |