Исми “Одамони сол 2013”-ро эълон карданд
Нашри русии маҷаллаи GQ исми "Одамони сол 2013"-ро эълон кард. Маросими тақдими ҷоизаҳо шоми рӯзи гузашта баргузор шуд.
Данил Козловский дар ду номинатсия – “Одами сол” ва “Ҳунарманди сол” (барои нақшофарӣ дар филмҳои "Духless" ва "Легенда N17") баранда шудааст.
Александр Винокуров, яке аз муассисони медиахолдинги “Дождь” дар номгӯи "Тоҷири сол" эълон шуд. Дар соли 2012 доираи бинандаҳои шабакаи телевизионии ӯ дар як моҳ ба ба 8 миллион расидааст.
Ҷоизаи "Журналисти сол"-ро ба Кирилл Мелников, хабарнигори рӯзномаи "Коммерсант" додаанд. Иван Ургант, ровии барномаи "Вечерний Ургант"-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар номинатсияи "Чеҳра аз оинаи нилгун" баранда шудааст.
Унвони "Продюсери сол"-ро Леонид Верешагин, Никита Михалков ва Антон Златополский бо ҳам тақсим кардаанд. Маҷалла ҷоизаи "Бонуи сол"-ро ба Евгения Канаева, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ дар соли 2012 додааст.
Ҷоизаи “Одами сол”-ро маҷаллаи GQ соли 2003 таъсис дода, ғолибонро аз рӯи овоздиҳии хонандаҳо муайян мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |