Ҳудуди 198 кило маводи мухаддир имрӯз дар агентии назорати маводи нашъаовар ба оташ партофта шуд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз агентии мазкур иттилоъ доданд, ин миқдор нашъа дар асоси 34 парвандаи ҷиноятие сӯзонида шуд, ки барои нобудсозии онҳо ҳукми суд содир ва ба иҷро даромадааст. Чун анъана маросими ба оташ кашидани маводи нашъовар бо ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ, намояндагони воситаҳои ахбори ватаниву хориҷӣ баргузор гардид. Аз 197 кило мухаддироте, ки ба коми оташ рафт, 11 килову 638,8 грамашро ҳероин, 54 килову 0,89,9 грамм афюн ва 109 килову 608 грамми боқимондаро маводи нашъадори гурӯҳи канабис ташкил медод.
Маврид ба ёдоварист, ки аз замони таъсиси агентӣ то ба ин дам дар ин ниҳод бештар аз 13,5 тонна воситаҳои нашъаовар аз роҳи сӯзонида нобуд карда шуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр