Абдуҳалим Ғаффоров боз барои курсии президентӣ сабқат мекунад
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури кишвар аз ин ҳизб пешниҳод шуд. Аз 78 вакиле, ки дар Анҷумани сотсиалистҳо дар Душанбе ҳузур доштанд, ҳамагӣ ба тарафдории ӯ раъй додаанд.
Дар ин Анҷуман инчунин номзадии Маъруфҷон Юсуфов, раиси ҲСТ дар Суғд ва Зариф Наимов, раиси ҲСТ дар Душанбе, низ матраҳ буда, вале онҳо номзадии худро пас гирифтаву Ғаффоровро номзади арзанда ба курсии президентӣ донистанд.
Дар ин Анҷумани сотсиалистҳо Муҳаммад Гулов, ки узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон будааст, баромад карда, аз Абдуҳалим Ғаффоров низ ситоиш намуд. Ӯ гуфт, “Ғаффоров авлоди ҳазрати Рӯдакист ва агар президент шавад, маҳалчигиро барҳам диҳаду занонро бо ҷои кор таъмин созад. Агар президент шаваду ришвагириро барҳам занад, қурбони ӯ мешавем”
Абдуҳалим Ғаффоров бори дувум аст, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзад мешавад. Вай дар интихооти соли 2006 низ бо Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Талбаков, Олим Бобоев ва Амир Қароқулов барои дарёфти курсии президенти вориди сабқат шуда, аммо шикаст хӯрда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |