АКС: "Бозгашт ба қалбу дунёи Гулрухсор"
Гулрухсори Сафӣ, шоири шинохтаи тоҷик, бо Рулф Эрик Миистром -- устоди саксафон аз Норвегия дӯстдорони шеъру адабро дар маҳфиле бо номи “Акси садои Румӣ” гирдиҳам овард. Хонум Гулрухсор дар оғози сӯҳбаташ гуфт, ҳадаф аз ташкили ин маҳфил муаррифии шеър дар сояи мусиқист.
Ба гуфтаи ӯ, ин дувумин маҳфили онҳост, ки дар чунин шакл доир мегардад. Маҳфили нахустин ду соли пеш дар Норвегия баргузор шудааст.
Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, дар гузашта ҳамеша аз пайи шеър буду мусиқӣ аз пайи вай. Вале ҳоло бештар аз пайи мусиқӣ меравад. "Ин маҳфил бозгашт ба қалбу дунёи Гулрухсор аст”,-афзуд ӯ. Гулрухсори Сафӣ дар зери мусиқии саксафон, ки Миистром иҷро мекунад, шеърҳои кӯтоҳ, аммо тозаашро барои дӯстдорони шеъру адаб хонд.
Хонум Гулрухсор аз шоирони шинохтаи тоҷик аст, ки соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолободи пешина ва ҳоло Нуробод ба дунё омадааст. Вай муаллифи бештар аз 80 китоб буда, осораш бо чанде аз забонҳои дунё баргардон ва ба табъ расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |