Муаррифии номзади ислоҳотхоҳон тариқи телевизионҳои давлатӣ
Шабакаҳои давлатии Тоҷикистон номзадҳои пешниҳодшуда ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи ноябрро расман муаррифӣ карданд.
Шоми 17 ба 18-уми сентябр се номзади пешниҳодшуда аз тарафи аҳзоби сиёсии кишвар, бахусус номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикитсон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова тавассути барномаҳои вижаи телевизионҳои давлатӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар барномаҳои мазкур, ки бо забони русию тоҷикӣ пахш мешуданд, суханҳо бештар атрофи шахсият ва тарҷумаи ҳоли номзадҳо шунида мешуд. Инчунин, наворҳое аз ҷараёни анҷумани аҳзоб барои интихоби номзад намиш дода шуд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаву дигарон ҳам тасвир ёфта буданд.
То кунун се номзад аз омодагии худ барои рақобат ба курсии президентӣ дар интихоботи 6-уми ноябри соли ҷорӣ хабар додаанд. Ин се номзад Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз ИНИТ, Толиббек Бухориев, муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |