ҲХДТ Ойниҳол Бобоназароваро “рақиби қавӣ” надонист
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар симои Ойниҳол Бобоназарова -- номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи номзадҳои намоён дониста мешавад, рақиби нерӯмандеро намебинад.
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ, ба “Озодагон” гуфт, сокинони Тоҷикистон ҳанӯз ба раҳбарии зан дар кишвар одат накардаанд ва аз эҳтимол дур аст, ки онҳо Бобоназароваро ба ҳайси сарвари кишвар интихоб намоянд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, “Ойниҳол Бобоназарова шахси маълуму машҳур ва арзанда нест. Он иттилое, ки дар бораи ӯ ҳаст, ҳанӯз барои як сарвар шудан кифоят намекунад. Инчунин, сиёсати Тоҷикистон чеҳраи занона нагирифтааст. Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, амре барои мансуб кардани занон ба муовинати раҳбарони идораҳои давлатӣ содир намуда буд.”
Бо ин ҳол, Усмон Солеҳ интихоб шудан ва ё нашудани Ойниҳол Бобоназароваро ба иродаи сокинон вогузошт. Мусоҳиби мо гуфт, худи онҳо ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки бо чӣ касе вориди корзори интихоботӣ хоҳанд шуд.
Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон рӯзи чоруми октябр, дуруст, як рӯз пештар аз ҷашни зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ин ҳизб ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, баргузор мешавад. Усмон Солеҳ мегӯяд, то ҳол ҷои баргузории анҷумани онҳо дақиқ нест. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ин анҷуман тақрибан 1000 вакил иштирок ва дар он номзади ҳизбро интихоб ва ба мақоми президентӣ пешбарӣ хоҳанд кард. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, ба ҳайси номзади ин ҳизб дар се интихоботи президентӣ иштирок ва баранда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |