Раҳмон созишномаи пойгоҳи 201-ро барои тасвиб ба парлумон фиристод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 18-уми сентябр созишномаи миёни Душанбеву Маскав “дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия”-ро барои тасвиб ба парлумони кишвар фиристодааст. Тарҳи созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе имзо гардида буд.
Қаблан бархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон гуфта буданд, баробари шурӯи кор дар оғози моҳи октябри соли ҷорӣ созишнома дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард. Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Намояндагон, дар сӯҳбат ба “Озодагон” тасвиби ҳарчи зуди ин созишномаро на танҳо ба фоидаи Душанбе, балки барои кулли кишварҳои минтақа дониста буд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи даҳуми сентябр Георгий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбат бо нашрияи “Коммерсант” изҳори умед кардааст, ки вакилони парлумони Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи созишномаи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард. Ӯ гуфта, ки то кунун ҷониби Русия уҳдадориҳояш дар марвиди ин созишномаро ба анҷом расонда, мунтазири посухи Душанбе нишастааст.
Пойгоҳи 201-и Русия бо ҳудуди 7000 сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ дониста мешавад. Бар пояи созишномае, ки ҳамакнун барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон ироа шудааст, замони ҳузури ин пойгоҳ ба камияш то соли 2042 тамдид хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |