Рӯзҳои фарҳанги “аждаҳои сурх” дар Тоҷикистон
Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, аз 21 то 26-уми сентябри соли ҷорӣ дарДушанбе рӯзҳои фарҳанги Чин (Хитой) баргузор хоҳад шуд.
Раҳматулло Раҳматуллоев, як масъули Вазорати фарҳанг, ба “Озодагон” гуфт, рӯзҳои фарҳанги Чинро, ки бештар бо номи “аждаҳои сурх” маъруф аст, овозхонон, гуруҳҳои рақсӣ, акробатҳо ва дигарон муаррифӣ мекунанд.
“Расми ботантанаи ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Хитой дар Тоҷикистон 23-юми сентябри соли ҷорӣ соати 18-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад”,-афзуд Раҳматуллоев. Ба қавли мусоҳиби мо, “чорабинии мазкур бо мақсади таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвар барпо хоҳад шуд”.
Чин яке аз кишварҳои аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳоло Душанбе аз Пекин миллионҳо доллар қарздор мондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |