Дар ҳарими ҳавоии давлати Марокаш як тайёраи борбари низмӣ суқут карда, бойиси ҳалокати одамон шуд.
Бино ба иттилоъи расонаҳои хориҷӣ ҳавопаймои навъи «Геркулес С-130» мутаалиқ ба артиши ин кишвар лабрез аз молу коло ва 78 нафар аъзоёни хонаводаи низомиёну теъдоде аз афсарони баландмақоми Марокаш дар наздикии шаҳри Кулимим ба садама дучор гардидааст. Дар пайи суқути ҳавопаймо кулли мусофирон ва сарнишинони он қурбон шудаанд.Далели ба суқут рӯ ба рӯ шудани тайёра то ҳанӯз мушаххас нагаштааст, аммо мутахассисон ҳадс мезананд, ки ин садама бар асари номусоидии вазъи ҳаво иттифоқ афтодааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр