Барзу Абдураззоқов барои интихобот ба Тоҷикистон баргашт

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, ки тайи тақрибан панҷ моҳи охир дар Бишкек, маркази Қирғизистон ба сар мебарад, барои иштирок дар маъракаи интихоботи президентӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Оқои Абдураззоқов рӯзи 17-уми сентябр дар Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун шахси боэътимоди Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳталабон, эълон шуд. То ин дам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусалмонон, танҳо шахси боварнок ва ё боэътимоди Бобоназарова дониста мешуд.
Худи Барзу зимни суханронӣ дар анҷумани ҲНИТ гуфт: “Муаллимаи азиз, имрӯз инҷо ҳастам. Барои он ки назди Шумо бошам, хидмат кунам. Барои он ки дар паҳлуи Шумо бошам, паҳлуи ҳамаи шумо. Иншоаллоҳ пирӯз мешавем.”
Барзу Абдураззоқов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо ин мақсад аз Қирғизистон омада ва қарор аст то ду моҳи дигар, яъне то анҷоми интихоботи президентӣ, дар Тоҷикистон бимонад. Ин коргардони шинохтаи тоҷик панҷ моҳи қабл ба Қирғизистон рафта, барои таҳияи чанд намоишнома бо ҳунармандони қирғиз ҳамкорӣ мекард. Аз ҷумла, рӯзи бистуми июни соли ҷорӣ намоишномаи “Қиёмат”-и ӯ аз рӯи асари Чингиз Айтматов барои нахустин бор дар Бишкек ба намоиш даромадва маривди истиқболи сокинони Бишкек қарор гирифт.
Баъдан ӯ ба Театри давлатии академӣ ба номи Абдумомунови Қирғизистон даъват шуда, то намоишномаеро аз рӯи асари Чингиз Айтматов -- "Пегий пес, бегущий краем моря" ба рӯи саҳна орад. Интизор меравад, ҳамин моҳ (сентябр) бахшида ба 85-солагии Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, дар Қирғизистон як ҷашнвораи вижае баргузор шавад ва ин намоишномаҳои Барзу маҳз барои ҳамин фестивал таҳия гаштаанд.
Барзу Абдураззоқов, яке аз коргардонҳои саршиноси Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳидро ба уҳда дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |