15 медали варзишкорони тоҷик дар Қазоқистон

Варзишкорони тоҷик дар рӯзи аввали Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии Евразия байни писарон ва духтарон 15 медал – 2 тило, 2 нуқра ва 11 биринҷӣ ба даст оварданд.
Аз намуди дзюдо - дар вазни +90 кило Ардашер Мирзоев медали тило, дар вазни 90 кило Темур Раҳимов медали тило, дар вазни 73 кило Парвиз Расулов медали биринҷӣ, дар вазни 66 кило Хурсанд Давлатов медали биринҷӣ, дар вазни 81 кило Шакаралӣ Мирмамадов медали биринҷӣ, дар вазни 52 кило Баҳригул Бобиева медали биринҷӣ;
- аз намуди гӯштии юнонӣ-румӣ дар вазни 32 кило Меҳроб Саидов медали нуқра, дар вазни 38 кило Олимҷон Бобоев медали нуқра, дар вазни 46 кило Фаридун Тиллоев медали биринҷӣ, дар вазни 63 кило Бахтовар Ҳасанов медали биринҷӣ;
- аз намуди таэквондо (WTF) дар вазни 45 кило Алишер Туйчибоев медали биринҷӣ, дар вазни 55 кило Фатҳиддин Туманов медали биринҷӣ, дар вазни 44 кило Шарифзода Давлатбӣ медали биринҷӣ;
- аз намуди бокс дар вазни 46 кило Бахтовар Азизов медали биринҷӣ, дар вазни 63 кило Манучеҳр Хоҷаев медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ёдовар мешавем, Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии Евразия байни писарон ва духтарон дар асоси қарори Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷараён дорад. Чорабинии мазкур рӯзи 14-уми сентябр оғоз гардида то 21-уми сентябри соли равон идома хоҳад кард. Дар чорабинии мазкур дастаи варзишии Тоҷикистон дар ҳайати 123 нафар аз рӯи 9 намуди варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштии тарзи озод, гӯштии юнонӣ-румӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, самбо, таэквондо (WTF) ва кураши қазоқӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |