Қуфли дари панҷ мадрасаи исломӣ ҳанӯз боз нашудааст
Мақомоти вилояти Суғд ҳанӯз қуфли дари панҷ мадрасаи баста дар навоҳии ин вилоятро боз накардаанд. Мадрасаи Имоми Аъзам дар Хуҷанд, мадрасаи Абдулатиф Султон дар Истаравшан ва се мадрасаи дигар дар Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом моҳи июни соли ҷорӣ дар пайи як рейди мақомоти интизомӣ баста шуда буданд.
Абдулҳаким Шарифов, масъули умури дин дар ҳукумати Суғд, ба “Озодагон” гуфт, ин мадрасаҳо ба далели надоштани муҷаввиз ё литсензияи Вазорати маориф муваққатан баста шуда, дар сурати ислоҳои камбудӣ фаъолияташон аз сар гирифта хоҳад шуд. “Аснодашон тақрибан омода шудааст ва то охири моҳи сентябр кӯшиш мекунем, ба Вазорати маориф пешниҳод намоем”,-афзуд мусоҳиби мо.
Оқои Шарифов мегӯяд, камбуди аслии мадрасаҳо дар он буд, ки муҳассилонаш танҳо муллогӣ меомӯхтанд, на бештар аз он: “Ҳозир талош дорем, ки толибилм бояд бо ду ихтисос мадрасаро хатм кунад.” То соли 2010 дар вилояти Суғд 9 мадрасаи исломӣ фаъолият мекард, аммо дар пайи ислоҳи Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, шумораи онҳо то панҷ адад поён омад, ки ҳамакнун онҳо низ ба мушкил печидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |