КМИА ба сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ шуруъ кард
Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон имрӯз, 16-уми сентябр расман ба сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ шуруъ кардааст.
Фаъолони сиёсии Афғонистон метавонанд, номзади худро давоми се ҳафтаи оянда, то 6-уми октябр пешниҳод намоянд.
Бештари аҳзоби сиёсии Афғонистон тасмим гирифтаанд, шомили эътилофҳо шуда, аз номзади ягона ҷонибдорӣ намоянд. Дар ҳоли ҳозир «Эътилофи интихоботии Афғонистон», «Анҷумани миллии ризоияти Афғонистон» ва «Ҳаракати шарқии воҳид» ташкил шудааст.
Аммо сиёсатшиносон мегӯянд, шонси номзадҳои инфиродӣ, ки шомили эътилофҳо нестанд, низ барои касби орои зиёд мавҷуд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |