Ҳудуди 600 ҳазор китобу адабиёти илмӣ ва асарҳои мухталиф то имрӯз аз ҷониби 67 вазорату идораҳо, муассисаҳо ба китобхонаи миллии ҷумҳурӣ супорида шудааст.
Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ҷиҳати мукаммал гардонидани фонди китобхонаи мазкур, ки алъон сохтмонаш дар садади анҷомёбист, аз 27 майи соли 2011 тибқи супориши ҳукумати ҷумҳурӣ эҳдои китобу адабиёт ба ин махзан идома дорад.
Ёдрас менамоем, китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳанӯз соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, баъди як сол ба истиқболи 1000-солагии устод Фирдавсӣ, муаллифи асари ҷаҳоншумули «Шоҳнома» бо исми ӯ номгузорӣ шудааст. Дар соли 1993 ба китобхонаи мазкур мақоми миллӣ дода шуда, фонди он баробар ба 3 миллион нусха китобу осори гаронбаҳост. Дар сурати ба бинои нав кӯчидани ин махзани маонӣ теъдоди китобу мусаввара ва осори илмии он ҳудуди 10-миллионро ташкил хоҳад дод.{jathumbnail off}
Мӯҳр