Бахшҳо

Зайд Саидов гуфтааст, 100% бегуноҳ аст ва дар ягон ҷинояте даст надорад

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, дар рӯзи севуми мурофиаи додгоҳияш аз вазъи саломатии худ изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ӯ гуфта, ки дар муқоиса ба рӯзҳои аввал ба ваъзи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ мутобиқ шудааст ва ҳоло тамоми талошаш бар ин аст, ки мурофиа хуб бигузарад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи оқои Саидов, ки баъд аз анҷоми мурофиаи ҳафтсоата бо “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, рӯзи душанбе 8 моддаи марбут ба парвандаи нафари таҳти ҳимояташ баррасӣ гардида, Зайд Саидов тамоми иттиҳомотро рад кардааст: “Зайд Саидов сад дарсад тамоми иттиҳомро рад карда гуфт, дар ҳеч яке аз ин ҷиноёт даст надорад. Номбурда дар ин мурофиа низ натиҷаи ташхиси ДНК-ро рад кард. Аз ин хотир, мо аз додгоҳ талаб хоҳем кард, то ташхиси ДНК аз нав гузаронида шавад”,-гуфт Шӯҳрат Қудратов.

Дар ҳамин ҳол, Исҳоқ Табаров, яке дигар аз вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, онҳо барои исботи бегуноҳии нафари таҳти ҳимояташон далелҳои қотеъ доранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ истифода хоҳанд кард. “Мо аз додраси парванда дархост кардем, то ҷабрдидагон -Окушев, Коретский, Витриченко, Сурков ва ҳамчунин духтари таҷовузшуда низ барои бозпурсӣ даъват карда шаванд",-гуфт Исҳоқ Табаров.

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аммо дархости онҳо аз тарафи додгоҳ дар мавриди қисман ба таври боз сурат гирифтани парванда рад карда шуд. Ӯ мегӯяд, аз сабаби махфӣ будани парванда ҷузъиёти бештари онро ошкор карда наметавонанд. Дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон, ки мурофиаи додгоҳӣ то ба кай идома хоҳад кард, номбурда гуфт: “Дар ин парванда 6 ҷабрдида ва ҳамзамон шоҳидон низ бояд бозпурсӣ шаванд. Эҳтимол дар парвандаи мазкур ҳудуди 25 кас пурсида шавад. Идомаёбии парванда аз он вобаста аст, ки додрас чӣ қадар зуд онҳоро пайдо карда метавонад”,-гуфт Қудратов.

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфт. Танҳо рӯзи 16-уми сентябр Хайрулло Саидов ва Файзиддин Шеров, писар ва бародари Зайд Саидов барои иштирок дар мурофиаи додгоҳии ӯ иҷоза дарёфт карданд.
Мӯҳр
Бегунох факат тифл аст ва албат кам-кам гунох доштагист ин сохибкори муваффак.

Rost megi barodar begunoh fakat tifl ast, lokin Zaid Said dar hamin tuhmato begunoh ast

Далер
Бовичдонтар ва ботавозуътар аз Зайд Саид ман надидаам, бо чунин милионер буданаш боз хоксор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)