Русия беш аз 10 донишҷӯи тоҷикро депортатсия кардааст

Мақомоти Русия беш аз 10 донишҷӯи тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар машғули таҳсил буданд, ба далели нақзи қоидаҳои будубош ихроҷ кардаанд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин гуруҳи донишҷӯён ба онҳо муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. Ба қавли манбаъ, айни ҳол роҳбарияти Хадамот бо мактуби расмӣ ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия -- Константин Ромадановский муроҷиат кардааст, ки барои идомаи таҳсил ба Муҳаммад Соқиев, донишҷӯи бахши 4-уми Академияи давлатии ҷангалпарварии шаҳри Воронеж, Сиёвуш Раҳматов, донишҷӯи бахши 5-уми филиали Академияи гумруки ба номи В.Бобковаи шаҳри Санкт-Петербург, Муродалӣ Иноятов, донишҷӯи бахши 2-юми филиали Академияи гумруки Русия дар шаҳри Ростов, Саъдӣ Фатҳуллоев, донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи энерҷии шаҳри Конаковаи вилояти Твер, Саид Ҳабибӣ, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи электротехникии шаҳри Санкт-Петербург ва дигарон иҷоза диҳанд.
Масъулони Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, бовари доранд, раҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия барои ҳалли ин масъалаи муҳим мусоидат мекунанд. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон донишҷӯён интизори ҷавоби мактуб буда, барои давом додани таҳсил дар ҳудуди ин кишвар омодагӣ мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |