Сӯхтор дар нуқтаи сӯзишворӣ ду маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи гузашта, 15-уми сентябр, дар натиҷаи беэҳтиётӣ, дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Восеъ сӯхтор ба амал омада, боиси ҷароҳати ду нафар шудааст.
Ба иттилои манбаъ сабаби сар задани сӯхтор, ин вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» мебошад. Вазорати умури дохилӣ гунаҳкори сӯхторро, ронандаи “Камаз”, Ғазалов Сайфулло, соли таваллудаш 1977, сокини ҳамин ноҳия меномад, ки беэҳтиётӣ намудааст.
Манбаъ афзуд, ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор бадани ронанда Ғазалов 40% ва фурӯшандаи нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ Сайдалии Сайвалӣ, соли таваллудаш 1990, 30 % сӯхта, дар беморхона бистарӣ карда мешаванд. ВКД мегӯяд, бо кӯшиши оташнишонон сӯхтор, ки 12 метри мурабаъро фаро гирифта будааст, хомӯш шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |