Дунё на ҳамеша ба умед аст. Ё солҳои ноумедию наслҳои гумшуда
“Аз ҳама чиз дилат мемонад, вақте ба ҷои боварии комил дар дасту қалб танҳо умед дорӣ”. (Урсула Ле Гуин)
Дар лаҳзаҳои мушкили ҳаёт ва ҳар лаҳзаи дигар инсон ба беҳбудӣ умед мебандад ва қодир аст ҳама чизро тоқат кунад. Ё тақрибан ҳама чизро.
Аммо сад афсӯс, умед ёрест, ки ҳамроҳии он аз саъйи як инсон бастагӣ надорад, дақиқтараш, танҳо аз кӯшиши як нафар вобаста нест. Барои умед бастан бояд нуктаҳои зиёде ҳамоҳанг бошанд. Нуктаҳое, ки аз барор, аз омади кор бастагӣ доранд. Барор, яъне интихобе, ки на инсон ва на ягон махлуқи дигар надорад. Интихоби волидайну Ватан, чун ин дуро ҳамроҳи ҳаёт ба мо дар якҷоягӣ медиҳанд.
Ин ду чиз умедро наздик ё бекор мекунанд. Меҳру муҳаббат ва дастгирии волидайн роҳро то умед наздик намекунад, чун фактори дуюм метавонад садди роҳ шавад.
Мо ҳамеша худро ором карда, ба орзуҳои худ умед мебандем. Гоҳо ба ноумедиҳо нигоҳ накарда, кӯшиш мекунем дар дили бародарону хоҳарон, фарзандону наберагонамон низ тухми умедро бикорем.
Ин дар ҳолест, ки фаҳмиши ғайриамалӣ будани умедҳо бо зиёд шудани шумораи хушбинҳои мунтазири рӯёрӯӣ бо умеди хеш меафзояд.
Шояд онҳое, ки умедро бо соддагии мо рабт медиҳанд, ҳаққанд? Шояд, дар ҳақиқат ҳаргиз эҳсосе бо номи “умед” набудааст?
Шояд ҳам ин умеди вопасин, ки мегӯянд навбати маргаш пас аз ҳар чизи дигар аст, ҳазор сол қабл аз мо мурдааст; чун дар сарзамини тоҷикон нишоне аз он дида намешавад. Ба хусус дар солҳои охир, дар давраи “истиқлол”, хобу хаёле беш набудани умедҳо маълум шудааст. Дар айёми наслҳои аздастрафта, солҳои ноумедӣ, ғаму андуҳ.
Ман бештар бо Делфин ҳамфикрам, ки мегӯяд: “Умед худфиребист, аммо танҳо чизест, ки мо дорем; он даст ба даст гашта, номуси худро мефурӯшад; ин мавҷуди дурӯғинест, ки ба чашмҳо хок пошида, дар лаҳзаи аз ҳама лозимӣ моро тарк мекунад...”
Биёед, ба назар гирем, “таърих меомӯзад, ки чизеро намеомӯзад” ва ба Офаридгори мутаол бовар кунем, чун бовар ба Ӯ раҳоист аз ҳама бадиҳо, аз он ҷумла ҳамин умеди дурӯғини ҳамеша ноаёну номаълум.
Умеде, ки ҳар кас ба фоидаи худу ҳаммаслаконаш мехоҳанд ба ҷои нон, рӯшанӣ, гармӣ, дониш, фарҳанг, бовар, таҳаммул ва – аз ҳама муҳим – ба ҷои озодӣ ва шароити кор ба мо бифрӯшанд...
Алӣ МАСТОВ,
таҳлилгар
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |