Бахшҳо

Чаро Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Мулло Абдураҳим чизе нагуфт?

Каюмарси АТО

Интизор доштам, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз корҳои Мулло Абдураҳим ёдоварӣ мекунад.

Албатта, на Мулло Абдураҳиме, ки чоруми июли соли ҷорӣ дар пеши ӯ алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ сухан гуфт, балки Мулло Абдураҳиме, ки дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт масҷиди бузургтаринро сохтаву тақрибан сохтмони як беморхонаро ҳам ба анҷом расондааст. Вай ният дорад, инчунин як мактабро ҳам сохта, дар ихтиёри Идораи маориф гузорад.

Вале оқои Раҳмон дар ин бора ҳарфе нагуфт. Сухан гуфтани раисиҷумҳур дар бораи Мулло Абдураҳим барои ӯ ва мо муҳим нест. Зеро вай кореро, ки мекунад, дар роҳи ризои Ҳақ мекунад ва агар президент ва ё мақомдорон нагуфтанд, ҳатман халқ рӯзе хоҳад гуфт.

Аммо ёдоварӣ аз корҳои неки ӯ метавонист як зарра ҳам бошад, дидгоҳи гуруҳеро, ки ҳоло барои шуморидани “корҳои бад”-и рӯҳониён камар бастаанд, дигар кунад, тағйир диҳад. Аммо нагуфт. Шояд ҳам нахост ва шояд ҳам дар ин бора чизе намедонист.

Охир, ҳар боре ки ӯ ба Ашт меравад, аз маркази он ба қафо бармегардад ва намедонад, ки мардуми аз марказ болотар ва ё поёнтари он дар чи ҳоланду чӣ мехоҳанд. Агар каме болотар сафар мекард, ҳатман медид, ки Мулло Абдураҳим бо гуруҳи бузурги сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳҳои харобгаштаи деҳаҳои ҷамоати Понғози Аштро таъмиру бозсозӣ кардаанду мекунанд. Роҳҳое, ки солҳо боз ба тармим ниёз доштанд, вале мақомот ё онҳоро намедид ва ё барои азнавсозии он зӯраш намерасид.

Шояд бисёриҳо бигӯянд, ки Мулло Абдурҳаим ин қадар пулро аз куҷо ёфтааст. Вай молдору сарватманде нест, дӯстон. Вале ӯ тавонист аз мардум барои тармими роҳ пул ҷамъоварӣ кунад ва бо нерӯи ҳамон мардум роҳро мумфарш созад. Магар ҳукумат ин ҳамаро наметавонист? Ё мардум ба ҳукумат бовар кардаву пулро намедиҳанд?

Ин чанд ҷумларо барои таърифи Мулло Абдураҳим нанавиштам. Фақат хостам, мақомот ба мардум бигӯянд, ки рӯҳониёни мо ободкорӣ ҳам мекунанд. Онҳо низ мактабу беморхона месозанд ва ё ҳадди ақал барои мактабҳо мизу курсӣ ва барои бемористонҳо мошинаҳои ёрии таъҷилӣ харида медиҳанд. Яъне, ҳамаашон ҷодугару фиребгар нестанд.
Мӯҳр
Ашти
Бародари азиз кори хайро Худо худаш мебинаду медонад ситош кардан лозим нест ва шумо журналисти мухтарам кинаву бадбиниро наандозед. Дар Ашти мо мавзухо бисёранд хуб мешуд ба ягон мавзуи дигар даст мезадед.

д
Раисчумхур сиесатмадор, яъне бозингар аст. У хамон чизеро мегуяд, ки ба манфиати худаш аст. Кадр кардани Мулло Абдурахим аз тарафи президент магар шарт аст? Биеед монед психологияи гуломонаатонро. хучаиндустдориатонро.

Аз рузе,ки худро медонам,хамин Понгоз аз Ашт дида.баландтар садо медихад.Понгози Ашт ё Ашти Понгоз?.Хатто махалгароёне аз ин мавзеъ солхои сол то холо хам танхо аз мардону занхои баруманду донишманди ин макон дар алохидаги сухан меронанд.Бо замми ин ки харчанд кушиш мекунанду намоиш медоранд,ки онхо нисбати дигарон хело босаводу бофарханганд ва аз таъриху адабиёти точик бархурдорандаммо дар бисёр холатхо ба махалгарои ишораи хоса менамоянд.Муаллифе хатто блогномае дорад,ки тамоми шахсони Понгозро ба хонанда муаррифи месозад.Бале.бисёр хуб аст.ки дар як гушаи Точикистон ин кадар симохои арзандаву хуб бисёранд,пас чаро аз Ашт неву танхо аз Понгоз?Солхои чавониам хам,аз забони донишчуёни нохияи Ашт,дар шакли мушаххас боз хамин ибораи "мо понгозием"ро мешунидаму то холо хам дар хотирам хаст.Маъзарат мехохам,понгозиён он кадар ба муллохову шахсони рухони ихлосмандие надоранд.Дар солхои чанги шахрванди,шахсони рухониву исломдусту худотарс,зери таънаву маломату фишори худи понгозиён гашта буданд...Инро худи ахолии хамин минтака то имруз накл мекунанд.Пас кадом махалли аникро писандем?Понгоз ё Ашт бигуем?.

мухаммад
Бародарони гироми шумо аз ин рафтори раиси чумхур е хукумат хафа нашавед зеро агар пагох як ОЛИМИ ДИН е МУЛЛО рогунро бисозад рохбарон онро нодида мегиранд. Онхо президент хукумат нафрат ба мулло ислом доранд ва ин пушида нест хама бо чашми сар инро мебинад далел он конунхоеки зидди конунхои ХУДО кабулкардаанд. Бисер ободихоеки дар чумхури дар давоми ин 20-сол мешавад рухониен хатман сахмгузору даст доранд кай президент аз онхо минатдори кард хеч вакт ва намекунад. Ба гайр аз ун мунофик Абдурахимеки дар назди президент динашро фурухт ва худашро шармандаи ин дуне ва охират кард. Е муфти Мукаррамки исломро зери пои хокимон партофтааст.

Хуршед
Ба номи Худованди чонофарин. ..
Хушо ба холат бародари азиз! Бехтарин суханхоро гуфтед! "Чаноби олй" барои он нагуфт ки чун у фикр мекунад хама муллохо факат аз паи шикам хастанд. Ман дар бораи мулло Абдурахими аштй суханхои хуб шунижагиям, Аллох нигахбони эшон бошад. Хукумати хозира хеч гох некии муллохоро ба назар намегирад, баръакс муллохои хакикиро тахкир мекунаду аз минбархо дур. Илтимос чоп кунед, сипосгузорам!

Ободиро барои Чаноб кардааст барои худаш ва милаташ кардааст Худо нигохаш дорад то ба нияти ободихо кор кунад бинед чи ободихо шудаистодааст хамааш самараи сулху субот мебошад Худо Чаноби Олиро нигох дорад дар корхои оянда ва имрузаш мувафак бошад Сохибкорони бонанги кишвар сафашон зиёда шавад то кишварамон ободу зеботар шавад

Bale rost gufted. Tarafdori fikraton hastam.

Расул
Айеми доничуи муясар шуд ки Понгозро бинам . Хай макони хушбоду хавое . Аштро хам дидам . рости фарк аст. аз хар чихат, одамон , табиат дигару дигар.. Дар Ашт узбекон хело зиед хастанд. Дар Понгоз тамоман нестнад. Понгоз кухистон аст. ашхоси шинохтааш хам хело будааст. бисер навиштан мумкину , аштакио хафа нашавандо ....

Рахмон аз телевизор баромад карда мо дар нохияи АШТ дар Шайдон як беморхонаи калон пушидем,ва дар ПОНГОЗ ЯК поликлиника сохтаистодаем баназдики обод мешад гуён фахр мекард гуё,ки 1 сомон аз бюджети давлат ё ки аз пули худая сарф кардабошад

dovud
Ашти,
tu malum ast ki az Asht nesti az kosalesoni va dushmani silom
inkadar behunarona menavise shumo

Рахмон аз телевизор баромад карда мо дар нохияи АШТ дар Шайдон як беморхонаи калон пушидем,ва дар ПОНГОЗ ЯК поликлиника сохтаистодаем баназдики обод мешад гуён фахр мекард гуё,ки 1 сомон аз бюджети давлат ё ки аз пули худая сарф кардабошад

бандаи Худо.
Агар дунявихои мушовир фахмише медоштанд рохбарияти чумхурро бо мардум бо динситезиашон мукобил намегузоштанд.

Он харочоте,ки ба пешвози президент масраф карданд,шояд чанд китъаи рох мумфарш гардад.

Ислом
Худованд умри домулло Абдурахимро дароз кунад ва душманхову бадбинхои мусалмононро ба хок яксон

Донишчуи понгози
Хонаи Мулло Абдурахим аз мо дур нест. Дар як махалла зиндаги мекунем. Хонаашон на каср асту на ягон мошин савор мешаванд. Дар ин тобистон рохи Понгоз-Шайдон, ки тули солиёни зиёд хароб гашта буд аз нав асфалтпуш гашт. Махз ин инсони наку буд, ки боз як кори хайрро нисбати халкаш анчом дод. Худованд куввати эшонро зиёда кунад!!!! Мавзуи чолиб аст, амалхои хуби 12-13 солаи эшон мавриди ситоиш аст. Сипос Каюмарси Ато

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)