АКС: Камераҳои "Шаҳри бехатар" охири сентябр фаъол мешаванд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз анҷоми марҳилаи аввали насби камераҳои назоратӣ дар Душанбе хабар медиҳад, ки дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” аз ҷониби ширкати «Хуавей»-и Чин амалӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ дар назар аст, ки ин камераҳо охири моҳи сентябр мавриди истифода қарор дода шаванд.
Манбаъ афзуд, лоиҳаи мазкур барои беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ, таъмини назорати доимӣ аз рӯи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва мубориза бо ришвагирӣ мусоидат хоҳад кард: “Бо татбиқи ин система ҳама қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ тавассути таҷҳизоти наворгиранда, ки дар чорроҳаҳои шаҳри Душанбе насб карда мешаванд, ба маркази ягонаи идоракунӣ, дар базаи умумии марказ коркард ва нигоҳ дошта мешаванд.”
Қаблан ин лоиҳа дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ноиби президенти ширкати «Ҳувей» Ами Лин мавриди баррасӣ қарор гирифта ва аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин лоиҳа бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад. Дар доираи ҳамин лоиҳа аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур гуфта буд, ки истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |