Бахшҳо

Қарори Абдулқодирзода -- сабаби радди даъвои Тӯраҷонзода

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, мегӯяд, ахиран қарори додгоҳи Хуҷандро дар мавриди радди даъвои нафари таҳти ҳимояташ алайҳи се рӯҳонии Суғд дастрас кард ва ният дорад, аз болои он шикоят бубарад.

Зеро ба қавли Воҳидова, додгоҳ суханони Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозодаро, ки яке аз ҷавобгарон дар ин қазия буд, асоси радкунии даъвои зерҳимояаш донистааст. Дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки “аз суханони Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода додгоҳ муайян кард, соли гузашта раиси Шурои уламои кишвар Сайидмукаррам Абдулқодирзода қарор қабул намудааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифтани Ошӯро манъ аст, зеро онро шиаҳо ҷашн мегиранд".

Файзниннисо Воҳидова мегӯяд, аз қарори додгоҳ бармеояд, ки онҳо қарори раиси Шӯрои уламоро надида ва аз мавҷудияти он аз забони Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода хабар ёфтаанд. Инчунин, ба гуфтаи Воҳидова, дар ҳалномаи додгоҳ омадааст, ки “Тӯраҷонзодаҳо Ошӯроро бо тақлид аз шиаҳои эронӣ ҷашн гирифтанд ва Эшони Нуриддинҷон бошад, ба саҳобаҳои Паёмбар лаънат гуфтааст”. Воҳидова бо радди ин гуфтаҳо, таъкид кард, ки аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.

Ёдрас мекунем, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиносои тоҷик, як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо моҳи феврал дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми июл даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷикро, алайҳи се уламои Суғд рад кард. Қозии парванда гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.
Мӯҳр
Мухаммад
Ачаб додгохе дорем а? бо воситаи телевизор як одамро паст мезананд хамма мебинаду медонад ин додгохи (кур) намебинад!

Тура ту одами иғвогар будай. Як бор Тоҷикистона ба хок яксон карди басат нест ми? Худои худата гу, намозата хон, пули хоҷаҳои хориҷӣ додагира аз як кунҷакаш хурда шукронаи худо карда гард. Чаро ношукри мекуни а? Ҳама агар аз ҳукумат норизогӣ кунад, ту бояд хап куни. Барои он ки ҳукумат ба ту ҳама чиро дода буд. Худат одами нотенҷ будай. Ки, киро чи кор мекунад ва ки, киро чи мегуяд, ту ба фарқаш чи. Чӣ намерасад туба.
Озодагон чоп кун илтимос.

Alisher
man ba mavzui bahsaton kor nadoram ammo sharmovar ast ki vakil, mulo va jurnalist manoi du vozhai bo ham zidro namefahmand yane JASHN va MOTAM(AZODORI)ro. marosmi OSHURO jashn nest sugvorist!!!!!!!!!!!!!!!!!
Ba nazari man bajoi azodori baroi emom Husen ki az on masala 1000 sol guzashtaast behtar ast ba holi donishmandon, filologho, zabonshinoson, muloho va jurnalistone ki joi istifodai vozhahoro nameodnand girya kunemu motam girem

изатуллох
худоё ту донои ки хакасту ки ботил худоё ин гуна муллохои дарбориро хидоят кун вагарна хору зоррашон кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)