“Бо авҷ гирифтани узбакгароӣ, ки ҳадафаш инкори тоҷикон буд, худшиносии тоҷикӣ амиқтар шуд”
9-уми сентябр 22-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил шуд. Ин рӯз барои эрониён низ рӯзи муборак ва мояи хурсандист. Чун дар ин рӯз узви деринаи хонаводаи бузурги Эрони таърихиро бо ҳувияти мустақил мебинанд ва бо ин ифтихор доранд. Ин сарзамине, ки ҳамаи мо меҳани худ меҳисобем, имрӯз соҳиби давлати мустақил ва муассир дар сиёсатҳои минтақавӣ мебошад.
Ишораҳои кутоҳе ба собиқаи торихии мафҳуми ватан дар адабиёти таърихии тоҷикон дар рӯзгори ҷадид моро ба фаҳми заминаи шаклгирии давлати тоҷикон бештар кӯмак мекунад.
Шаклгирии давлати мустақили тоҷикон дар Осиёи Марказӣ ормони таърихӣ мебошад. Ин ормони таърихӣ дар партави кашмакашиҳои охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 ҷон гирифт. Ин таҳаввулот, ки мунҷар ба сайтарати истеъморгаронаи рус бар Мовароуннаҳр шуда буд, пурсиш аз кистии таърихӣ ба миён меорад.
Нахустин ҷилавҳои ин пурсиш дар адабиёти навини тоҷиконро дар адабиёти равшанфикрони навгарои Тоҷикистон метавон дид. Мафҳуми ватан аз дили ҳамин пурсишҳо равшан мешавад. Албатта гуфтан мумкин аст, ки монанди дигар сарзаминҳои Шарқи исломӣ дар миёни тоҷикон низ ибтидо бар мадори гуфтмони Иттиҳоди Ислом ҷараён ёфт ва сипас ба мафҳуми ватан ба гуфтумони миллатчигӣ наздик шуд. Ватани тоҷикон ё ба ибораи беҳтари дигар Тоҷикистон ба унвони сарзамини тоҷикон ҳосили худогоҳии наздик ба гуфтмони милатчигӣ аст.
Метавон гуфт, ки ҳамзамон бо ҳуҷуми неруҳои русияи тазорӣ ба Осиёи Марказӣ дар даҳаи 60-и асри 19, бавижа баъд аз суқути Самарқанд ва аз ҳудуди солҳои 1866 ба баъд, бояд шаклҳои аввалияи пурсиши аз кистии мардумони сокин дар ин минтақа ба миён омада бошад.
Таъбири нависандаи таърих нофеи ин аст, ки “... ҳоло Бухорову Самарқанд ва тамоми кишвари Туркистон дар тасарруфи давлати насронӣ аст, қайди давлати насронӣ нишонае аз зеҳнияти нависанда аст, ки ватани худро ҳангоми ишғол гардидани он тавассути Русияи тазорӣ, сарзамини исломӣ қаламдод мекард. Ин зеҳниятро дар тамоми таърих метавон ёфт. Ба назар намерасад, ки ин нависандаи торихӣ мухолифи амири Бухоро бошад.
Аммо дар миёни насли мухолифони амир низ ба таъсир аз ҷараёни Иттиҳоди Ислом ин талаққӣ аз ватан вуҷуд дошта аст. Барои мисол дар навиштаи Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки як муддате дар Эрон низ зистааст ва дар шуморе аз мунтақидон, ки назми суннатии Аморати Бухоро низ ҳаст, мебинем, ки амири Бухоро бо лақаби Амирулмуъминин ва Имомулмуслимин шинохта мешавад.
Аммо худи Мирзо Сироҷ, ки дар қатори муассисони рӯзномаи “Бухорои шариф” низ ҳаст, дар шумораи 13-уми ин нашрия дар бораи “ватану миллат” сухан мегӯяд. Ба истинод аз матолиб ин рӯзнома ва навиштаҳои он аст, ки мебинем ба мувозоти таҳаввул дар соири сарзаминҳои Шарқ ва пухта расидани ҷараёнҳое, ки ба мафҳуми ватан дар маънои мубтанӣ ба натсионализм гароиш доштанд, ин намуди талаққӣ аз ватан низ дар миёни тоҷикон низ шакл мегирад. Дур аз зеҳн нест, ки агар бинем, осори қалами ҳалқаи фикрии муассиси рӯзномаи “Бухорои шариф” ва матолибе, ки дар нашрия ба табъ мерасид, дар шакл додани худшиносии навини тоҷикон бештарин нақшро гузоштааст. Ба намунаи “Адабиёти навини тоҷик”, ки бингарем, ин худро бештар нишон медиҳад. Ғазале аз Абдурафи Фитрат дар ин китоб ҳаст, ки бо инибора шуруъ мешавад: “Эй модари азизи ман, эй хуттаи Бухоро” ва дар таркиби банди дигар омадааст:
Бинмо саҳаре азми тавофи ватани ман,
Аҳ, аҳ чӣ ватан саҷда, ки ватани ман
Албатта ин Фитрат, ки дар инҷо суханаш ба мафҳуми ватан дар ишораи милатчиён наздик аст, дар китоби Баёноти сайёҳи ҳиндии худ ба кистии исломии худ пойбанд буд ва мегуфт: “Бухороиҳо на танҳо бо заволи умумии олами Ислом варзиданд, балки аз тоифаҳои исломиро низ ба мағоки ғафлат кашиданд...”
Гуфтанӣ аст, ки Фитрат равшанфикри аҷиб ва ғариб буд. Аз панисломизм то пантуркизм пой ба пойи таҳаввулоти мутаассир аз Истанбул рафта ва дар ниҳоят дар ҷумҳурии сотсиалистҳои Туркистон вазири маориф шуд. Дар мансаби вазирӣ ӯ ҳатто ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунист пешниҳод кард, ки аз сухангӯён бо забони тоҷикӣ 5 рубл ҷарима ситонанд.
Метавон гуфт, ки баъд аз таҳаввулоти даҳаи аввали қарни 20, бавижа баъд аз шикасти Русия аз Ҷопон дар соли 1905, ки ҳамзамон бо рушди фаъолиятҳои равшанфикрӣ дар Бухоро буд, таҷаллии нишоноди милатчигӣ, ки мафҳуми ватани тоҷиконро ошкортар баён мекард, дар адабиёти равшанфикрони тоҷик тавлид ва истифода мешуд. Рӯзномаи “Бухорои шариф” майдони баҳси забони тоҷикӣ, худшиносии тоҷикон буд, ки мушаххасан дар шумораи 13 ва 17-и он намунаҳое аз ин баҳсҳо дида мешавад.
Мақолаи Сайидҷаводи Ализода, сардабири ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб” бо номи “Ба муносибати анҷумани имлои узбакон” дар шумораи 66-и ин нашрия дар торихи 22 феврали соли 1921 ба чоп расидааст. Ин мақола, ки барои дифоъ аз хатти форсӣ мебошад, марзбандиҳои равшане дар мавриди худшиносии тоҷикӣ дар баробари пантуркии узбакон метавон дид.
Ин марзбандиҳо аз муҳимтарин арсаҳои зуҳур ва намоён шудани мафҳуми милатчигии ватан дар миёни тоҷикон буд. Дар солҳои пас аз суқути аморати Бухоро ва ҳамзамон бо авҷгирии милатчигии узбакӣ, ки ҳадаф аз он инкори тоҷикон буд, худшиносии тоҷикӣ амиқтар шуд. Гӯиё хештани ҷадиди тоҷикон аз миёни оташи хашми пантуркон ва дағалкориҳои комунистҳои маскавнишин сар мебароварданд.
Дар раванди сиёсате, ки табартақсим ном гирифтааст, сарзаминҳои Осиёи Марказӣ ба таври ғайриодилона ва ғайритаърихӣ пора-пора шуданд. Гарчӣ дар ибтидо ҷое барои тоҷикон ҷудо нашуда буд. Аммо бо ташкилшавии 5 ҷумҳурии миллатчиёни Осиёи Марказӣ арсае барои муноқашаи доимӣ маҳалле кушода шуд. Дар ҳамин раванд буд, ки шаҳрҳои тоҷикнишини Самарқанду Бухоро-шаҳрҳои чун гавҳар дурахшоншаванда дар торикии Эрони таърихӣ ба Узбакистон супорида шуд, то бар мадори пантуркизм тоҷикзудоӣ шавад. ин сиёсатест, ки баъд аз пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ ташдид ёфт.
Устод Айнӣ дар намунаи адабиёти тоҷик, ки асосан дар муқобили кушишҳои пантуркистҳо чун Абдурауфи Фитрат ва дигар мақомоти душмани тоҷик ба шумор мераванд, шеърҳои миллигароёнаи зиёде, ки ҷилваҳое аз нишондоди миллатчигии тоҷикон дар мафҳуми ватан ишора мекунад, овардааст.
Ривояти устод айнӣ аз рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки пас аз инқилби октябр тавассути гуруҳи иштирокдорон мунташир мешуд, нишон медиҳад, ки мафҳуми миллати тоҷик комилан шакл гирифта будааст. Дар соли 1924, дар шумораи 5 ва 6 рӯзномаи Овози тоҷик Қорӣ Масиҳои Самарқандӣ бо шеъре, ки мардумро ба рӯзномахонӣ даъват мекард, сурудааст:
Эй, қавми наҷобатасар, эй миллати тоҷик,
Кӯшед, пайи ҳосили ҳар илму фанни имрӯз.
Мероси худшиносии тоҷикон албатта, дар давраи шӯравӣ низ идома ёфт. Дар ин давра Бобоҷон Ғафуров бо таълифи китоби “Тоҷикон” дар воқеъ эъломияи хештаншиносии тоҷиконро арз мекунад. ба назар мерасад, ки халқ бисёре аз рамзҳои ҳувияти навини тоҷикон дар нақшаи ҳамин асари пурарзиш шакл гирифта бошад.
Ҳамин таҳаввулот мунҷар ба ин шуд, ки бо фишор ба роҳбарони ҳизби маскавнишин ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ибтидо дар ҷумҳури Узбакистон ба унвони ҷумҳури худмухтор шакл гирифта буд. Ҳувияти мустақил пайдо кунад ва ба унвони ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 таъсис ёфт. Адабиёти худшиносонаи тоҷикон ба иловаи зулми таърихии ноши аз табартақисм заминае буд, ки дар раванди давраи Гарбачев истиқлоли Тоҷикистон гуногун шакл гирифта, Тоҷикистони навинро баъд аз Шӯравӣ ба миён орад.
Ногуфта намонад гоҳ бо фишори раҳбарони ҳизбии мутаассир аз Маскав фарҳанг дар муқобили сиёсат ба зону дар омад ва хештаншиносии сусиёлистии тоҷикон ба ифрот ҳам гароид. Дар ин фароянд бар дурӣ аз ҳамтаборони эронии тоҷикон, яъне мардуми Эрон таъкид шуд. Тағйири хат аз форсӣ ба сирилик, ки огоҳона феодилистӣ ва арабиасос хонда шуд, дар фосиласозӣ нақшофарин будааст. Бо ин ҳол ба воситаи забони муштарак ва танаффус дар зисти ҷаҳон "ҷаҳони Эронӣ" ин кӯшишҳо кашише ҷиддӣ ба наянгехт ва баъд аз сарбаровардани ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон баъд фурӯпошии Шӯравӣ рӯз ба рӯз масир ҳамгироии мо бештар ҳамвор гардид, зеро: об агар сад пора гардад боз бо ҳам ошност.
Имрӯз сазост, ки сиёсатмадорони давлат тадбир ва умед ба ин сарзамини мустақил, ҳаммонанди шарики роҳбурдӣ (стротегӣ) бингаранд ва бо тадвини сиёсатҳои мутаносиб бо ҳамсӯйии торихӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон беш аз пеш муносиботи ду кишварро таъмиқ (амиқтар-жарфтар) бахшанд.
Ҳабибуллоҳ Исмоилӣ,
бознашр аз нашрияи “Қонун”-и Теҳрон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |